ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА ИФТИХОРИ ФАРОРАСИИ СОЛИ НАВИ МЕЛОДИИ 2026

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи Шуморо ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2026 самимона табрик гуфта, ба ҳар як хонадони мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистони азиз тандурустии комил, иқболи нек, рӯзгори ободу осуда ва фардои дурахшон орзу менамоем.

Соли нав барои кишвару миллати мо соли махсусу таърихӣ мебошад, зеро дар ин сол Ҷумҳурии Тоҷикистон 35-солагии Истиқлоли давлатии худро ҷашн мегирад. Итминон дорем, ки дар партави сиёсати созанда ва бо заҳмати софдилонаи ҳар як шаҳрванди ватандӯст, соли нав ба дастовардҳои нави иҷтимоиву иқтисодӣ, аз ҷумла дар рушди соҳаи энергетика ва захираҳои об, заминаи устувор хоҳад гузошт.

Бигзор Соли нави мелодӣ соли сулҳу субот, пешрафт, ҳамдигарфаҳмӣ ва шукуфоии Ватани азизамон гардад.
Соли нав хуҷаста бод, ҳамдиёрони азиз!

Бо эҳтиром,
Аҳли кормандони Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

********
Саҳифаҳои расмии Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: facebook.com/mewr.tj
Мо дар Телеграм: t.me/mewrtj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mewr.tj