Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон эҳёи воқеии энергетикиро аз сар мегузаронад: неругоҳҳои барқи офтобӣ, неругоҳҳои хурди барқи обӣ ва зеристгоҳҳои нав ин минтақаи баландкӯҳро ба маркази татбиқи технологияҳои иқтисоди «сабз» табдил медиҳанд. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ, аввалин неругоҳҳои барқи офтобии кишвар ба кор андохта шуданд, ки роҳро барои таъмини неруи барқ дар тӯли сол ба деҳаҳои дурдаст ҳамвор карданд. Дар соли 2025, иқтидори умумии истеҳсолии ВМКБ ба 60 МВт баробар гардид ва иқтидори истеҳсолӣ дар давоми 34 соли охир шаш маротиба афзоиш ёфт.
Имрӯз, энергияи барқароршаванда на танҳо ба як тамоюли технологӣ, балки ба асоси рушди устувори минтақа табдил ёфта, сифати зиндагиро беҳтар ва самти нави рушди иқтисодиро ташаккул додааст.
ВМКБ – САРОҒОЗИ ТАШАККУЛИ ИҚТИСОДИ «САБЗ»
Панҷ сол қабл кам касон тасаввур мекарданд, ки маҳз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба майдони пешқа дами амалисозии Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037 табдил меёбад. Маҳз ҳамин тавр шуд. Минтақае, ки дорои иқли ми сахт, деҳаҳои парокандаи дар дараҳо ҷойгиршуда ва релефи бисёр душвор мебошад, имрӯз ба намунаи он табдил ёфтааст, ки чӣ гуна метавон дар ҳамгироии сиё сати давлатӣ, дастгирии байналмилалӣ ва технологияҳои пешрафта низоми муассири энергетикиро эҷод намуд, ки аз мавсим ва шароити обу ҳаво вобаста набошад.
Рамзист, ки ин тағйирот аз иродаи сиёсӣ оғоз ёфт. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кардаанд, ки рушди ВМКБ бидуни энергетикаи боэътимод имконнопазир аст: ин пояи некӯаҳволии иҷтимоӣ, фаъолиятҳои иқтисодӣ ва амнияти минтақа ба ҳисоб меравад.
ЭНЕРГИЯИ ОФТОБ ДАР «БОМИ ҶАҲОН»
Як ибора ҳаст: «Помир ба офтоб наздиктар аст». Ва ин танҳо як маҷоз нест. ВМКБ дорои бузургтарин захираи энергияи офтобӣ дар тамоми Осиё мебошад – дар ин ҷо дар як сол зиёда аз 300 рӯзи офтобӣ ба қайд гирифта мешавад ва сатҳи миёнаи инсолятсия (нурафкании офтоб) тақрибан 4,5-5,5 кВт·соат/м²-ро дар як рӯз ташкил медиҳад.
Маҳз ба ҳамин хотир аввалин неругоҳҳои офтобӣ дар ҷумҳурӣ дар ВМКБ бунёд ва ба истифода дода шуданд, то ки деҳаҳои дурдасти кӯҳистонро бо неруи барқ таъмин намоянд.
Таҷрибаи аввалини сохтмони неругоҳи офтобӣ (НО) дар ноҳия Мурғоб ба даст оварда шуд – минтақаи дурдаст, вале бо имконияти бузурги энергияи офтобӣ. Аввалин неругоҳи офтобӣ соли 2020 бо иқтидори 200 кВт ба фаъолият шуруъ кард. Дар давраи истифода неругоҳ самаранокии худро пурра собит намуд. Баъдан иқтидори неругоҳ то 800 кВт баланд бардошта шуд ва системаи нигоҳдории энергия бо батареяҳо дар ҳаҷми 1,2 МВт·соат насб гардид.
Соли ҷорӣ, ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ, дар мавзеи Аличури ноҳияи Мурғоб неругоҳи нав бо иқти дори 2,8 МВт (бо системаи нигоҳдории энергия 1,4 МВт·соат) ба истифода дода шуд. Айни ҳол ин на танҳо бузургтарин НО дар Тоҷикистон, балки аввалин неругоҳи офтобии ҷаҳон мебошад, ки дар баландии беш аз 3500 метр аз сатҳи баҳр бунёд шудааст. Танҳо дар ду моҳи аввал (сентябр-октябр) соли 2025 НО зиёда аз 75 МВт·соат неруи барқ истеҳсол намудааст.
Илова бар ин, имсол дар ин ноҳия неругоҳҳои зерини барқи офтобӣ ба истифода дода шуданд: Гулзор бо иқтидори 450 кВт (батарея 220 кВт·соат), Булункул бо иқтидори 565 кВт (батарея 360 кВт·соат), Қарасу бо иқтидори 95 кВт (батарея 30 кВт·соат), Октал бо иқтидори 190 кВт (батарея 130 кВт·соат), инчунин Харгушӣ бо иқтидори 100 кВт (батарея 120 кВт·соат) дар ноҳияи Ишкошим.
ЭЛЕКТРИФИКАТСИЯИ МИНТАҚАҲОИ ДУРДАСТИ АҲОЛИНИШИН: ҶАҲИШЕ, КИ 30 СОЛ ИНТИЗОР БУДАНД
Ҳангоме ки соли 2020 Лоиҳаи «Электрификатсияи деҳот» оғоз ёфт, дар минтақа 61 деҳа бе барқ буд, аксари онҳо деҳаҳои баландкӯҳ ва душворгузари ВМКБ буданд. То охири соли 2023 шумораи чунин деҳаҳо ба 35 коҳиш ёфт. Тибқи лоиҳа, то соли 2026 ҳамаи деҳаҳо тавассути сохтмони неругоҳҳои хурди барқи обӣ, оф тобӣ ва бодӣ бо барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза ва боэъ тимод таъмин карда мешаванд.
Дар маҷмуъ, дар доираи Лоиҳаи «Электрификатсияи деҳот» сохтмони 44 шабакаи худмухтори хурд бо истифодаи манбаъҳои гуногуни тавлиди неруи барқ пешбинӣ шудааст, аз ҷумла, 30 неругоҳи офтобӣ, 13 неругоҳи барқи обии хурд ва як неругоҳи бодӣ. Қисме аз ин иншоотҳо, аллакай, ба фаъолият оғоз кардаанд, қисмате дар марҳилаи сохтмон қарор доранд.
Айни замон, бо мақсади идоракунии сарбории соатҳои авҷ дар шабакаи асосии ВМКБ ва баланд бар доштани иқтидори умумии насбшудаи система, сохтмони бузургтарин неругоҳи офтобӣ дар ҳудуди вилоят (бо иқтидори 3 МВт) дар деҳаи Рожи ноҳияи Шуғнон дар назар гирифта шудааст. Зиёда аз 80 фоизи корҳои сохтмонии НО, аллакай, анҷом ёфтаанд.
Ин ба як фалсафаи нави таъминоти неруи барқтаб дил ёфтааст, ки деҳаҳои баландкӯҳ ҳоло новобаста аз дарёҳои асосӣ ё шароити обу ҳаво неруи барқи мустақил мегиранд.
НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ «СЕБЗОР» – РАМЗИ ИСТИҚЛОЛИ ЭНЕРГЕТИКИИ ВМКБ
26-уми июни соли 2025, дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ, дар минтақаи кӯҳистон як рӯйдоди таърихӣ сабт гардид: маросими тантанавии ифтитоҳи Неругоҳи барқи обии «Себзор» бо иқтидори 11 МВт дар дарёи Шоҳдара, дар ноҳияи Роштқалъа баргузор шуд, ки онро Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «қадаме ба сӯи тавозуни энергетикии ВМКБ» номиданд.
НБО «Себзор» дар баландии беш аз 2500 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст. Ин неругоҳи барқи обӣ тибқи принсипи неругоҳи обии дериватсионӣ бунёд шуда, бо се турбинаи амудии навъи «Пелтон» бо иқтидори тақрибан 3,7 МВт ҳар кадом муҷаҳҳаз мебошад. Бо масрафи оби 12 м³ дар як сония ва фишори зиёда аз 110 метр, ин неругоҳ қодир аст солона беш аз 77,6 миллион кВт·соат неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза истеҳсол намояд ва аз партоби беш аз 45 000 тонна гази карбон дар як сол пешгирӣ кунад. Қубури обгузари неругоҳ бо дарозии 3 245 метр дар кишвар дарозтарин дар системаи дериватсионӣ ба ҳисоб меравад. Интиқоли неруи барқи НБО тавассути хатти 110 кВ «Себзор-Хоруғ» бо дарозии 18 километр анҷом дода мешавад. Қайд кар дан зарур аст, ки НБО «Себзор» аз рӯи иқтидор дувумин неругоҳи калон дар ВМКБ ба шумор меравад.
НБО «Себзор» яке аз бузургтарин лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ гардид. Дар авҷи корҳои сохтмонӣ то 600 нафар мутахассисон фаъолият доштанд, технологияҳои муосир истифода шуда, ҳалли муҳандисии беназир амалӣ гардиданд.
Лоиҳа бо риояи қатъии стандартҳои экологӣ ва иҷтимоӣ татбиқ шудааст. Ҷараёни «экологӣ» на камтар аз 10% арзиши миёнаи солонаро ташкил медиҳад. Барои ҳаракати моҳиҳо ба самти боло ва поён дар дарё гузаргоҳи махсус пешбинӣ шу дааст.
Илова бар ин, дар доираи Барномаи барқарорсозии манбаъҳои зиндагӣ (Livelihood Restoration Program) соҳибкории маҳаллӣ дастгирӣ ёфта, як қатор иншооти иҷтимоӣ бунёд шудаанд ва ё дар марҳилаи сохтмон қарор доранд, аз ҷумла майдончаҳои варзишӣ, пули нав аз болои дарёи Шоҳдара дар деҳаи Себзор. Корҳо оид ба бунёди тақрибан се километр роҳ байни деҳаҳои Барҷангал ва Себзор идома доранд. Инчунин, бунёди мактаби нав пешбинӣ шудааст. Айни замон, дар неругоҳ 20 му тахассиси маҳаллӣ фаъолият доранд.
Муҳимтар аз ҳама, ин неругоҳ таъминкунандаи барқи устувор барои беш аз 220 ҳазор сокини минтақа гардид. Дар оянда неруи барқи тавлид шуда барои содироти неруи барқ ба ноҳияҳои шимолии Афғонистон низ истифода мешавад, ки ба зиёда аз 430 ҳазор нафар дар минтақаи таъри хан осебпазир ва канормонда дастрасии боэъти мод ба неруи барқ фароҳам меорад.
НБО «Себзор» танҳо манбаи неруи барқ нест. Ин марҳи лаи нав дар рушди устувори минтақаҳои баландкӯҳ ба ҳисоб меравад. Лоиҳа исбот намуд, ки ҳадафҳои бузург, ҳалли инноватсионӣ ва ҳам корӣ миёни бахшҳои гуно гун метавонанд мушкилоти ҷойдошта паси сар гарданд ва натиҷаҳои дарозмуддат ба бор оранд.
Лоиҳа соли 2023 ба дастоварди хоса ноил гардид: он нахустин иншоот дар ҷаҳон шуд, ки шаҳодат номаи «тиллоӣ»-и Стандарти устувории гидроэ нергетикӣ (Hydropower Sustainability Standard) ро соҳиб гашт. Ин ҷоиза мутобиқати лоиҳаро бо беҳтарин таҷрибаҳои ҷаҳонӣ дар соҳаи экологӣ, иҷтимоӣ ва идоракунии корпоративӣ (ESG) таъ кид мекунад.
Қобили зикр аст, ки баъд аз ба истифода дода ни НБО «Себзор», иқтидори истеҳсолии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 25% афзуд ва 100% неруи барқ дар минтақа аз манбаъҳои барқарор шавандаи энергия тавлид мегардад.
Амрихон РАИМОВ, директори генералии ҶСК «Помир Энерҷӣ», таъкид мекунад: «Неругоҳи барқи обии «Себзор» на танҳо ба як иншооти истеҳсоли неруи барқ таб дил ёфтааст – он намунаи он аст, ки чӣ гуна минтақаҳои баландкӯҳро бо истифо да аз неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза пурра таъмин кардан мумкин аст».
НЕРУГОҲҲОИ ХУРДИ БАРҚӢ – НЕРУИ БАРҚ ДАР ҶОЕ, КИ РОҲ НЕСТ
Соли 2025 барои гидроэнергетикаи хурд низ соли пешрафт буд. Дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ, Президенти кишвар чор неругоҳи хурди барқии обӣ ва ду неругоҳи барқии офтобиро ба кор ан дохтанд: НБО «Ёгед» (бо иқтидори 276 кВт барои 121 хоҷагӣ), НБО «Аҷирх» (бо иқтидори 50 кВт ба рои 30 хоҷагӣ), НБО «Равмед» (бо иқтидори 100 кВт барои 71 хоҷагӣ) ва НБО «Миденчин» (бо иқти дори 25 кВт), ҳамчунин неругоҳҳои офтобии «Али чор» (бо иқтидори 2,8 МВт барои 250 хоҷагӣ) ва «Гулзор» (бо иқтидори 450 кВт барои 45 хоҷагӣ).
Бо шарофати ин, дар хонаҳо, мактабҳо ва нуқтаҳои тиббӣ рӯшноӣ пайдо шуд, имкония ти истифодаи техникаи маишӣ фароҳам гардид ва шароити рушду густариши соҳибкории хурд беҳтар гашт.
Дар асл, неругоҳҳои хурди барқи обӣ барои дур дасттарин гӯшаву канори ВМКБ «адолати энер гетикӣ»-ро барқарор намуданд.
Амрихон РАИМОВ, директори генералии ҶСК «Помир Энерҷӣ»: «Ҳар як иншооти нав – ин сатҳи нави беҳтарсозии сифати зиндагии мардум аст». Амрихон РАИМОВ, директори генералии ҶСК «Помир Энерҷӣ»: «Ҳар як иншооти нав – ин сатҳи нави беҳтарсозии сифати зиндагии мардум аст».
ЗБ «ҶАНГАЛ» – ВОҲИДИ МУОСИРИ МУВОЗИНАТ ВА ТАҚСИМОТ
Дар ду даҳсолаи охир ширкати «Помир Энерҷӣ» бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд маблағҳои зиёдро барои таш кили инфрасохтори муосир ва устувори энергетикӣ ба хотири таъмини барқи боэътимод ба тамоми минтақа равона кардааст.
Зеристгоҳи барқии 110/35/10 кВ «Ҷангал», ки соли 2025 ба истифода дода шуд, имрӯз ба ун вони иншооте шинохта мешавад, ки тасаввури низоми энергетикии муосири ВМКБ бе он им коннопазир аст.
Ба истифода додани ин зеристгоҳи нав имкон дод, ки шабака устувор гардад, талафоти неруи барқ 2,5 МВт коҳиш ёбад, замина барои пайваст намудани неругоҳҳои барқи обӣ ва офтобии нав фароҳам ояд, инчунин корхонаҳо ва иншооти иҷтимоӣ бо неруи барқ таъмин карда шаванд.
Далер ҶУМЪА, Вазири энергетика ва захираҳои об: «Инфрасохторе, ки мо ба истифода ме диҳем, ба амнияти энергетикӣ ва рушди иқтисодии минтақа таъсири амиқ ва дарозмуддат хоҳад гузошт. Ин дастовардҳо на танҳо дастрасии боэътимод ба неруи барқро барои сокинони мо таъмин мекунанд, балки барои ҷалби сармоягузориҳо, рушд ва беҳбуд бахшидани сифати зинда гии тамоми сокинони ин минтақаи зебои Тоҷикистон замина фароҳам меоранд».
ДУРНАМО: НБО «САНОБОД» ВА ХАТҲОИ НАВИ БАРҚ
Ояндаи ВМКБ боз ҳам дурахшонтар ба назар мерасад. Ҳукумати кишвар супориш додааст, ки омодагиҳо барои сохтмони НБО «Санобод» бо иқтидори зиёда аз 200 МВт дар дарёи Панҷ – яке аз иншооти калидии ояндаи энергетикаи мин тақа, суръат бахшида шаванд.
Илова бар ин, таҳияи асосноккунии техникию иқтисодии сохтмони НБО «Чарсем» бо иқтидори 20 МВт дар дарёи Ғундаи ноҳияи Шуғнон ҷара ён дорад. Ин неругоҳ аз ҷиҳати ҷойгиршавии ҷуғрофӣ аҳамияти стратегии калон дошта, ҳам чун замина барои пайваст намудани шабакаҳои асосии ширкати «Помир Энерҷӣ» бо шабакаи қаблан ҷудогонаи ноҳияи Мурғоб хоҳад гардид.
Ҳамзамон, сохтмони хати дузанҷираи ХИБ «Вомар–Вознавд» (42 км), ХИБ «Ванҷ-Дарвоз-Ш. Шоҳин» бо шиддати 110 кВ ва зеристгоҳи 110/35 кВ «Козидеҳ» дар ноҳияи Ишкошим идома дорад. Ҳар ду лоиҳа то соли 2026 пурра ба анҷом мера санд ва он имкон медиҳад, ки иқтидори содиро тии кишвар то 60 МВт афзоиш ёбад, инчунин 84 200 сокинони минтақа бо неруи барқи боэъти мод таъмин гарданд.
Ғайр аз ин, татбиқи лоиҳаҳои зерин бо маблағи умумии 134,7 миллион доллари ИМА идома до ранд: «Лоиҳаи сохтмони «НБО Себзор», «Лоиҳаи «Электрофикатсияи деҳот», «Лоиҳаи байнисарҳа дии Шуғнон VI ё бунёди хати интиқоли барқи 110 кВ Хоруғ-Шуғнон»-марҳилаи 1», «Лоиҳаи сама ранокии энергияи барқ ва энергияи барқарор шаванда» ё худ сохтмони зеристгоҳи 110/35/10 кВ Вамар», «Асосноккунии техникии неругоҳи «Чар сем» ва сохтмони 10 км хати интиқоли барқи 35 кВ «Нулванд-Зигар» ва «Лоиҳаи «Энергияи хусусии Помир, марҳилаи 3».
Амрихон РАҲИМОВ, директори генералии ҶСК «Помир Энерҷӣ», таъкид мекунад:
«Самтҳои афзалиятноки стратегии ҶСК «Помир Энерҷӣ» то соли 2030 инҳоянд: ҷалби сармоя барои навсозӣ ва муосиргардонии инфрасохтори энергетикӣ, рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия, баланд бардоштани самаранокии энергетикӣ ва сифати хизматрасонӣ, инчунин таҳкими мавқеъ дар бозор тавассути ин новатсия ва рақамисозӣ ба хотири таъмини амнияти энергетикӣ ва рушди устувори минтақа ва дар маҷмуъ, кишвар».
Бознашр аз маҷаллаи «Энергетика ва захираҳои об»
********
Саҳифаҳои расмии Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: facebook.com/mewr.tj
Мо дар Телеграм: t.me/mewrtj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mewr.tj



















