Неругоҳи барқи обии «Қайроққум» – яке аз куҳантарин ва муҳимтарин манбаъҳои истеҳсоли неруи барқ дар вилояти Суғд ба шумор меравад. Имрӯз ба ин иншооти стратегӣ умри дубора бахшида шуд. Таҷдиди васеъмиқёс, ки бо ташаббус ва роҳбарии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардид, ҷузъе аз барномаи давлатии навсозии бахши гидроэнергетика ва марҳилаи муҳим дар таъмини истиқлоли энергетикии кишвар гардид.
Дар бораи натиҷаҳои таҷдид ва муваффақиятҳои техникӣ суҳбате доштем бо директори филиали «Неругоҳи Қайроққум»-и ҶСК «Барқи Тоҷик» Файзулло АВЕЗОВ.
– Файзулло Ҳабибович, чӣ сабаб шуд, ки қарор дар бораи таҷдиди НБО «Қайроққум» қабул гашт?
– НБО «Қайроққум» соли 1956 сохта шуда, дар тӯли даҳсолаҳо соҳаи саноат ва аҳолии вилояти Суғдро бо неруи барқ таъмин мекард. Аммо, бо гузашти вақт таҷҳизот куҳна шуда, самаранокӣ 20% коҳиш ёфта, муҳлати хизмат ва давраи байни таъмирӣ хеле кутоҳ гардид.
Қарор дар бораи таҷдид бо ташаббуси Президенти Ҷумҳу рии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул шуд, ки пайваста стратегия ва сиёсати истиқлоли энергетикии кишварро амалӣ мегардонанд. Ин лоиҳа дорои авлавияти давлатӣ буда, таҳти таваҷҷуҳи доимии Сарвари давлат қарор дошт.
– Бо кадом мушкилоти асосӣ ҳангоми таҷдид рӯ ба рӯ шудед?
– Мегӯянд, аз нав сохтан осонтар аст аз он ки иншооти амалкунандаро азнавсозӣ намоӣ. Ин қавл ба пуррагӣ ба НБО «Қайроққум» низ дахл дорад. Ин ягона манбаи истеҳсоли барқ дар шимоли кишвар буда, нақши калидӣ дар таъми ни низоми энергетикии Тоҷикистон дорад: дар тобистон шиддати шабакаро танзим мекунад, зимистон бошад, не руи барқи заруриро дар авҷи истеъмол таъмин менамояд. Барои ҳамин, вазифаи асосӣ – гузаронидани таҷдид бе та ваққуфи (таъхир) истеҳсоли неруи барқ буд.
Корҳо рӯзи 23-юми августи соли 2019 оғоз ёфтанд ва ивазкунии пурраи таҷҳизот дар назар дошта шуда буд. Раванд ба марҳилаҳо ҷудо шуда, аввал таҷҳизоти ёрирасон, баъд агрегатҳо навсозӣ мешуданд. Кӯшиш мекардем, ки дар давраи зимистон тамоми дастгоҳҳо фаъол бошанд, дар тобистон бо шад, корҳои сохтмонӣ иҷро шаванд. Ин тасмим ба устувории таъмини барқ мусоидат намуд. Аммо, мушкилоти техникӣ хеле калон буд. Таҷҳизоти неругоҳ бо ҳам пайваст аст ва барои оғози таҷдиди як агрегат, хомӯш кардан, аз нав пайваст кардан ва аз байн бурдани занҷирҳои дуюмдараҷаи сершумор лозим буд, то кори минбаъдаи агрегатҳои боқимонда таъмин карда шаванд. Ҳамоҳангсозии бодиққат бо пудратчиён ва машваратчиён, инчунин корҳои иловагӣ барои аз нав пайваст кардани кабелҳо ва навсозии системаҳои муҳофизатӣ лозим буд. Баъзан қатъи ғайринақшавӣ ба амал меомад – бо таҷҳи зоти қариб 70 сол пеш сохташуда пешгӯии ҳама чиз ғайриимкон буд. Таҷриба ва касбияти кормандони мо дар ин ҷо нақши муҳим бозиданд ва ҳама гуна мушкилоти ба миён омадаро зуд ва бехатар ҳал карданд.
Корҳо дар шароити танг анҷом дода шуданд: таҷҳизоти фаъол, техникаи сохтмонӣ, хок, садо – ҳамаи ин фишори иловагиро ба вуҷуд меовард. Мо деворҳои муваққатиро барои муҳофизат кардани агрегатҳои ҳамшафат аз ифлосшавӣ насб кардем, бо вуҷуди ин, баъзе мушкилот ҳанӯз ҳам ногузир буданд.
Ба душвориҳои иловагӣ метавонем паёмадҳои пандемияи COVID-19-ро низ шомил кунем. Ин вазъият ба ҷадвали таъминот ва васлу насби таҷҳизот таъсири ҷиддӣ расонд: бинобар маҳдудиятҳо мутахассисони хориҷӣ сари вақт ба Тоҷикистон омада наметавонистанд, бинобар ин, як қатор марҳилаи корҳо бояд ба таври фосилавӣ ё бо ҷалби мутахассисони маҳаллӣ иҷро карда мешуданд. Илова бар ин, таъхир дар истеҳсол ва интиқоли таҷҳизот низ ба миён омад – корхонаҳо маҷбур муваққатан фаъолиятро қатъ мекарданд ва дар баъзе мавридҳо хатҳои логистикии байналмилалӣ баста мешуданд. Ҳамаи ин ҷадвали корҳоро ба таъхир андохт ва фавран таҷдиди назар кардани нақшаҳоро талаб мекард. Бо вуҷуди ҳамаи ин мушкилот, ҳайати кор мандони неругоҳ якҷоя бо пудратчиён тавонистанд вазифаҳои дар пешистодаро ба таври шоиста иҷро намоянд. Соли 2025 ҳамаи шаш агрегат ба кор дароварда шуданд ва то декабри соли 2026 ба анҷом расидани корҳои ободонӣ, пардоздиҳӣ ва сохтмони фасадӣ дар назар аст.
Бо итминон метавон гуфт: мо аз ҳамаи чолишҳо гузаштем ва НБО «Қайроққум»-ро ба сатҳи сифатан нав баровардем.
– Натиҷаҳои асосии таҷдид чӣ буд?
– Насби турбинаҳои нави радиалӣ-меҳварии ширкати General Electric Hydro коэффисиент кори фоиданокро (ККФ) то 92% баланд бардошта, устуворӣ ба кавитатси ро зиёд намуд. Генераторҳое, ки аз ҷониби ширкати GE насбшуда, дорои хусусиятҳои хос мебошад, аз ҷумла кам кардани истеъмоли мушаххас ва вокуниши фаврии системаи идоракунии автоматӣ дар ҳолатҳои фавқулода мебошанд, ки эътимоднокӣ ва самаранокиро таъмин мекунанд.
Системаҳои автоматии идоракунии равандҳо ва таҷҳизоти рақамии диспетчерӣ ҷорӣ карда шуданд, ки сатҳи комилан нави корро фароҳам меоранд. Акнун, тамоми раванди истеҳсолӣ аз утоқи идоракунии марказонидашуда идора карда мешавад, ки оператор маълумоти фавриро дар бораи ҳолати ҳар як агрегат, сатҳи об, фишор ва тавоноӣ мегирад.
Ба мустаҳкамсозии садд, таҷдиди иншооти обпарто ва насби дарвозаҳои нав таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Неругоҳ, ҳамчунин, бо низоми муосири мониторинги иншооти гидротехникӣ муҷаҳҳаз мебошад, ки назорат ва пешгӯйии вазъияти шабонарӯзиро таъмин мекунад. Мо, ҳамчунин, чораҳоро барои баланд бар доштани устувории экологӣ амалӣ намудем: агрегатҳои нав таъсири манфиро ба экосистемаи обӣ ба ҳадди ақал мерасонанд, дар ҳоле ки оптимизатсияи реҷаи обгузарони талафоти обро кам мекунад. Пас аз анҷоми тамоми марҳилаҳои навсозӣ, иқтидори неругоҳ аз 126 то 174 мегаватт афзоиш ёфт. Ҳаҷми миёнаи солонаи истеҳсоли неруи барқ 38% зиёд шуд. Неругоҳ ба таври чашмрас боэътимод ва каммасрафтар гардид. Таҷҳизоти нав имкон медиҳад, ки неругоҳ, ҳатто, дар давраҳои тағйирёбии сатҳи оби обанбор ҳам ба таври устувор фаъолият намояд. Ғайр аз ин, низоми рақамии мониторинги техникии таҷҳизот ҷорӣ карда шудааст, ки имкон медиҳад осебпазирии эҳтимолиро пешбинӣ карда, аз қатъ шудани фаъолияти неругоҳ пешгирӣ намоем. Ин чораҳо муҳлати истифодаи таҷҳизотро ба даҳсолаҳо дароз мекунанд.
– Нақши ҳайати кормандони неругоҳ дар ин раванд?
– Ҳайати кормандони НБО «Қайроққум» масъулиятшиносӣ ва касбияти баланд нишон доданд. Муҳандисони мо дар назди шарикони байналмилалӣ аз давраи омӯзишӣ гузашта, усулҳои нави васл ва истифодабарии таҷҳизоти муосирро азхуд намуданд. Бисёр равандҳо аз ҷониби мутахассисони тоҷик иҷро шуданд.
Бояд қайд кард, ки дар ин иншоот беш аз 20 зан кор мекунанд, ки аксари онҳо мутахассисони соҳаи техникианд. Хурсандибахш аст, ки чанде пеш ба ҳайти кормандони неругоҳ мутахассисони ҷавону умедбахш шомил гардиданд. Ин лоиҳа барои мо мактаби рушди касбӣ ва ҳамбастагӣ гардид. Мехоҳам зикр намоям, ки ҳар як марҳилаи корҳо зери таваҷҷуҳ ва назорати доимии директори генералии ҶСК «Барқи Тоҷик» Асозода Маҳмадумар Шамсулло қарор дошт, ки борҳо аҳамияти ин иншоотро барои низоми энергетикии кишвар таъкид намуданд. Ин ба мо ангезаи иловагӣ, ҳисси масъулият ва неруи тоза барои натиҷаи кор бахшид.
– Таҷдиди НБО «Қайроққум» барои низоми энергетикии кишвар чӣ аҳамият дорад?
– Имрӯз НБО «Қайроққум» як иншооти муосир, боэътимод ва самаранок буда, дар низоми энергетикии кишвар нақши калидӣ мебозад. Навсозии он устувории энергетикии на танҳо вилояти Суғдро, ки 85% таъминоти об тавассути пойгоҳҳо обёрӣ карда мешавад, балки тамоми низоми энергетикии кишварро тақвият бахшидааст. Ин лоиҳа ҷузъи барномаи васеъмиқёсе мебошад, ки бо ташаббус ва роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида истодааст. Барномаи мазкур ба навсозии низоми гидроэнергетика, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ ва таъмини рушди устувори соҳа равона шудааст. Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа низ дар иҷрои ин мақсадҳо саҳми арзанда гузошта, бо роҳнамоӣ ва ҳамоҳангсозии доимии фаъолияти ҳамаи иштирокчиёни лоиҳа мусоидат намуд.
НБО «Қайроққум» имрӯз ба намунаи ҳамкории муваффақонаи Ҳукумати кишвар, мутахассисон ва шарикони байналмилалӣ ба нафъи ояндаи энергетикии Тоҷикистон табдил ёфтааст.
Бознашр аз маҷаллаи «Энергетика ва захираҳои об»:













