07-уми январи соли 2026, Роштқалъа. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳи корӣ дар ноҳияи Роштқалъа Далер Ҷумъа дар ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Роштқалъа дар соли 2025 иштирок намуд.
Вазир зимни баромад иброз дошт, ки бо дастгириву таваҷҷуҳи махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат солҳои охир симои ноҳия ба куллӣ тағйир ёфта, вазъи иҷтимоиву иқтисодии сокинони ноҳия беҳтар гардида истодааст.
Иброз гардид, ки яке аз рӯйдодҳои муҳим дар соли 2025 ташрифи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳия Роштқалъа ва вохӯрӣ бо роҳбарон ва фаъолони ноҳия буд. Зимни ин сафар як қатор иншооти соҳаи иқтисодӣ ва иҷтимоии ноҳия, аз ҷумла дуюмин неругоҳи барқи обии калон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Неругоҳи барқи обии «Себзор» дар дарёи Шоҳдара бо иқтидори 11 мегаватт бо маблағи беш аз 700 миллион сомонӣ ба истифода дода шуд, ки ифтитоҳи онҳо қадами устувор дар самти ободии ноҳия ва фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ барои мардум мебошад.
Ҳамзамон, вазир доир ба нуктаҳои Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар ибрози назар намуда, аз ҷумла чунин иброз дошт: «Сарвари давлат соли 2026-умро, ки ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ таҷлил карда мешавад, барои сокинони кишвар соли таърихӣ унвон карда, ин солро Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ ба ифтихори ин ҷашни муқаддас ва бузурги миллӣ эълон намуданд.
Дар ин замина, зарур аст, ки ки вобаста ба шарҳу тавзеҳ додани нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ махсусан, доир ба вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ дар ҳар як деҳа чорабиниҳои маърифатӣ-таблиғотӣ гузаронда шаванд».
Дар идома Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Роштқалъа барои солҳои 2021-2025 натиҷгирӣ карда шуд.
Сипас, иҷрои нақшаи чорабиниҳо ноҳияи ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлил намудани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, ки аз 206 банд иборат аст, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
– Бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» эълон намудани соли 2026 аз 17-уми декабри соли 2025, №1102 моро зарур аст, ки то таҷлил ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ бо истифода аз тамоми имкониятҳои мавҷуда иншоотҳои боқимондаро бунёд намоем, – зикрд кард дар охир Далер Ҷумъа.
********
Саҳифаҳои расмии Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: facebook.com/mewr.tj
Мо дар Телеграм: t.me/mewrtj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mewr.tj













