ШИНОСОИ БО ФАЪОЛИЯТИ НБО «СЕБЗОР» 

07-уми январи соли 2026, Роштқалъа. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар доираи сафаи корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз Неругоҳи барқи обии «Себзор» дидан намуд.

Мавриди зикр аст, ки неругоҳ 26-уми июни соли 2025 бо иштироки  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Неругоҳи барқи обии «Себзор» бо тавоноии 11 МВт аз 3 агрегат иборат буда, иқтидори истеҳсолии солонаи он зиёда аз 77,6 млн кВт·соат неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза мебошад.

Тибқи иттилои масъулон, неругоҳ аз санаи баистифодадиҳӣ беш аз 21 миллион кВт·соат неруи барқ истеҳсол намуда, дар таъмини боэътимоди аҳолӣ ва муассисаҳои иҷтимоию иқтисодии минтақа бо неруи барқ саҳми назаррас гузошта истодааст.

********
Саҳифаҳои расмии Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: facebook.com/mewr.tj
Мо дар Телеграм: t.me/mewrtj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mewr.tj