БОЗДИД АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНИИ ЗЕРИСТГОҲИ БАРҚИИ «ҚОЗИДЕҲ»

07-уми январи соли 2026, Ишкошим. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар доираи сафаи корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо ҷараёни корҳои сохтмонии зеристгоҳи барқии 110/35 киловолтаи «Қозидеҳ» шинос шуд.

Корҳои сохтмонӣ дар зеристгоҳи барқи 26-уми июни соли 2025 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғози расмӣ бахшида шуда буд.

Ба вазир иттилоъ доданд, ки айни замон 70 %-и корҳои сохтмонӣ ба анҷом расида, корҳои боқимонда мутобиқи нақшаи тасдиқгардида идома доранд. Баистифодадиҳии зеристгоҳ дар семоҳаи якум соли 2026 ба нақша гирифта шудааст.

Бунёди зеристгоҳи мазкур дар самти таҳкими инфрасохтори энергетикии вилоят аҳамияти хоса дошта, ба баланд бардоштани эътимоднокӣ ва устувории таъминоти неруи барқ дар минтақа мусоидат менамояд.

Ҳамзамон, татбиқи лоиҳа имкон фароҳам меорад, ки талафоти техникии неруи барқ коҳиш ёфта, сифати таъминоти барқ барои аҳолӣ ва муассисаҳои иҷтимоиву иқтисодии ноҳия беҳтар гардад.

********
Саҳифаҳои расмии Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: facebook.com/mewr.tj
Мо дар Телеграм: t.me/mewrtj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mewr.tj