ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ҶСК «ШАБАКАҲОИ ИНТИҚОЛИ БАРҚ» ДАР СОЛИ 2025

09-уми январи соли 2026, Душанбе. – Дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои интиқоли барқ» бо иштироки вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба фаъолияти ҷамъият дар соли 2025 доир карда шуд.

Дар кори ҷаласа намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Бобозода, директори генералии ҷамъият Мирзо Маҳмудзода, роҳбарони филиалҳо, намояндагони мақомоти соҳавӣ ва кормандони масъули ҷамъият ширкат доштанд.

Тибқи рӯзнома, муовини директори генералии ҷамъият ва дигар шахсони масъул оид ба нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ ва молиявии ҷамъият ҳисобот доданд.

Дар ҷаласа, вазири энергетика ва захираҳои об ба масъалаҳои муҳими соҳавӣ таваҷҷуҳи зоҳир намуда, вобаста ба кам намудани сарбории зеристгоҳҳои барқӣ, таъмин намудани фаъолияти устувори онҳо дар фасли зимистон, паст кардани сатҳи талафоти неруи барқ ва татбиқи саривақтии лоиҳаҳои сармоягузорӣ, аз ҷумал лоиҳаҳои  «Азнавпайвастшавӣ ба низоми энергетикии ягонаи Осиёи Марказӣ» ва «Таҷдиди шабакаи интиқоли барқи Суғд/ Васеъсозии шабакаи интиқоли барқи Суғд» ба роҳбарият ва кормандони ҷамъият дастурҳои мушаххас дод.

********
Саҳифаҳои расмии Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: facebook.com/mewr.tj
Мо дар Телеграм: t.me/mewrtj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mewr.tj