12-уми январи соли 2026, шаҳри Душанбе. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти истеҳсолӣ-молиявии ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» иштирок намуд.
Дар ҷаласа роҳбарияти ҷамъият, филиалҳои он ва дигар шахсони масъул ширкат доштанд.
Тибқи рӯзномаи ҷаласа, нахуст ҳисоботи муфассали масъулон шунида шуд.
Сипас, фаъолияти дастгоҳи марказии ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» ва филиалҳои он мавриди баррасии амиқ қарор дода шуд.
Вазир ба масъулон ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, аз ҷумла кам намудани талафоти неруи барқ, бартарафсозии изофанависӣ, боло бурдани масъулиятшиносии кормандон, боз ҳам беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ, иҷрои бандҳои боқимондаи нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026 дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
********
Саҳифаҳои расмии Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: facebook.com/mewr.tj
Мо дар Телеграм: t.me/mewrtj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mewr.tj






















