13-уми январи соли 2026, Душанбе. – Бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода, раиси Ҳайати мушовара вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа, аъзои Ҳайати мушовара, роҳбарият ва намояндагони корхонаю муассисаҳои соҳаи энергетика, захираҳои об ва нафту газ ҷаласаи васеи Ҳайати мушовараи Вазорат оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар соли 2025 баргузор гардид.
Тибқи рӯзномаи ҷаласа, ҳисоботи Шариф Маҳмадзода, муовини вазири энергетика ва захираҳои об, оид ба натиҷаҳои фаъолияти Вазорат ва корхонаю муассисаҳои соҳаи энергетика, захираҳои об ва нафту газ дар соли 2025 шунида шуд.
Дар идома ахбороти роҳбари корхонаю муассисаҳои соҳаи энергетика, захираҳои об ва нафту газ ироа гардида, фаъолияти онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Сипас, нақша ва вазифаҳо барои семоҳаи якуми соли 2026 муайян карда шуданд.
Аз натиҷаи ҷаласа аз ҷониби Ҳайати мушовара қарорҳои дахлдор роҷеъ ба масъалаҳои муҳокимагашта қабул гардид.
********
Саҳифаҳои расмии Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: facebook.com/mewr.tj
Мо дар Телеграм: t.me/mewrtj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mewr.tj





















