14-уми январи соли 2026, шаҳри Абу Забӣ (Амороти Муттаҳидаи Араб). – Дар ҳошияи Ҳафтаи рушди устувори Абу Забӣ – 2026 муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Манучеҳр Сафарзода бо ҳайати роҳбарии ширкати аморотии «Masdar» мулоқот анҷом дод.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи энергетикаи барқароршаванда, бахусус татбиқи лоиҳаи бунёди неругоҳи офтобӣ бо иқтидори 400 мегаватт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо таъкид намуданд, ки татбиқи ин лоиҳа ба афзоиши иқтидорҳои тавлиди «энергияи сабз», диверсификатсияи манбаъҳои энергетикӣ, таъмини устувории низоми энергетикии кишвар мусоидат хоҳад кард.
Муовини вазир омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои фароҳам овардани шароити мусоиди сармоягузорӣ ва дастгирии ҳамаҷонибаи татбиқи лоиҳаҳои энергетикаи барқароршаванда изҳор намуд.
********
Саҳифаҳои расмии Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: facebook.com/mewr.tj
Мо дар Телеграм: t.me/mewrtj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mewr.tj













