Дар ҳошияи чорабинии Ҳафтаи рушди устувори Абу Забӣ – 2026, ки то 15-уми январ ҷараён мегирад, муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Манучеҳр Сафарзода бо Президенти ширкати «ACWA Power» дар Осиёи Марказӣ Абид Малик вохӯрӣ намуд.
Дар меҳвари суҳбати ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкории дуҷониба дар соҳаи энергетика, бахусус бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори умумии 1250 МВт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирфит.
Ҳамзамон, таваҷҷуҳи махсус ба татбиқи лоиҳаи хатти интиқоли барқи баландшиддати 500 кВ «Роғун-Сайҳун» ва аз мавзеи Сайҳун то зеристгоҳи барқии «Суғд-500» зоҳир гардид, ки барои таҳкими устувории низоми энергетикии кишвар ва афзоиши иқтидори интиқоли барқ аҳамияти калидӣ дорад.
Ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати идомаи музокирот, таҳияи ҷузъиёти техникию иқтисодии лоиҳаҳо ва ҷалби сармоягузорӣ дар самти рушди энергетикаи «сабз» изҳор намуданд.
********
Саҳифаҳои расмии Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: facebook.com/mewr.tj
Мо дар Телеграм: t.me/mewrtj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mewr.tj













