🇹🇯🇮🇳15-уми январи соли 2026, шаҳри Душанбе. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷеш Уике мулоқот анҷом дод.
Зимни суҳбат перомуни вазъи кунунӣ ва дурнамои густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои энергетика ва захираҳои об, аз ҷумла татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар самти энергияи барқароршаванда, табодули афкор намуданд.
Ҳамзамон, масъалаҳои вобаста ба таҳкими ҳамкориҳои илмию техникӣ, омода намудани мутахассисон, мубодилаи таҷриба ва татбиқи ташаббусҳои муштарак дар доираи барномаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати идомаи муколамаи созанда ва рушди минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд таъкид намуда, чунин мулоқотҳоро омили муҳим дар таҳкими равобити дӯстона миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон арзёбӣ карданд.
********
Саҳифаҳои расмии Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: facebook.com/mewr.tj
Мо дар Телеграм: t.me/mewrtj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mewr.tj
















