🇹🇯 🇵🇰 16-уми январи соли 2026, шаҳри Душанбе. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Саид Сарварро, ки муҳлати фаъолияти дипломатиаш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом мерасад, ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот ҷонибҳо аз сатҳи кунунии муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои дуҷонибаи кишварҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, боз ҳам густариш ёфтани ҳамкориҳоро муҳим арзёбӣ карданд.
Далер Ҷумъа, ҳамчун раиси қисми тоҷикистонии Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон, саҳми назарраси Муҳаммад Саид Сарварро дар таҳкими муносибатҳои дуҷониба, рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва тақвияти фазои эътимод байни ду кишвар баланд арзёбӣ намуд.
Дар фарҷоми мулоқот вазир ба Сафир барои фаъолияти пурсамараш дар Тоҷикистон изҳори сипос намуда, ба ӯ дар идомаи фаъолияти касбӣ ва дипломатияш барору муваффақият таманно кард.
********
Саҳифаҳои расмии Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: facebook.com/mewr.tj
Мо дар Телеграм: t.me/mewrtj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mewr.tj















