🇹🇯🇨🇳 20-уми январи соли 2026, шаҳри Душанбе. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Го Жиҷун мулоқот анҷом дод.
Дар оғози вохӯрӣ Далер Ҷумъа бинобар ҳодисаи фоҷиабори кушта шудани шаҳрвандони Чин дар минтақаи наздисарҳадии Тоҷикистону Афғонистон ба сафир ҳамдардии амиқ ва таслияти самимии ҷониби Тоҷикистонро баён намуда, амалҳои ғайриқонунӣ ва иғвоангези шаҳрвандони Афғонистонро шадидан маҳкум кард.
Сипас, ҷонибҳо масъалаҳои муҳими ҳамкории дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор дода, аз ҷумла ба рушд ва густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, захираҳои об, татбиқи лоиҳаҳои муштарак, ҷалби сармоягузорӣ ва истифодаи таҷрибаи пешрафтаи чинӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.
Ҳамзамон, таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Мардумии Чин яке аз шарикони муҳими стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ҳамкориҳо миёни ду кишвар дар солҳои охир дар асоси эътимод, эҳтироми мутақобил ва манфиатҳои муштарак пайваста таҳким меёбанд.
********
Саҳифаҳои расмии Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: facebook.com/mewr.tj
Мо дар Телеграм: t.me/mewrtj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mewr.tj















