20-уми январи соли 2026, Душанбе. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа ҳайати Бонки аврупоии сармоягузориро (БАС) ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот масоили густариши ҳамкории мутақобилан судманд байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии сармоягузориро мавриди баррасӣ қарор доданд. Аз ҷумла, масъалаҳои ҷалби сармоягузорӣ ба соҳаи энергетика, татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ ва маблағгузорӣ барои бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун», таҷдиди неругоҳҳои барқи обии «Норак», «Қайроққум» ва лоиҳаи минтақавии «CASA-100» дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор доштанд.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориҳоро дар доираи лоиҳаҳои афзалиятнок тақвият бахшида, муколамаи доимиро идома диҳанд.
********
Саҳифаҳои расмии Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: facebook.com/mewr.tj
Мо дар Телеграм: t.me/mewrtj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mewr.tj















