21-уми январи соли 2026, Душанбе. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо Президенти ширкати «ACWA Power» дар Осиёи Марказӣ Абид Малик мулоқот анҷом дод.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои муҳими густариши ҳамкории дуҷониба дар соҳаи энергетика мавриди баррасӣ қарор гирифт. Таваҷҷуҳи асосӣ ба татбиқи лоиҳаҳои сохтмони неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори умумии 1250 МВт дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардид, ки метавонад саҳми назаррас дар диверсификатсияи манбаъҳои тавлиди неруи барқ ва рушди энергетикаи барқароршаванда гузорад.
Ҳамзамон, барои таҳкими устувории низоми энергетикии кишвар, баланд бардоштани эътимоднокии таъминоти барқ ва афзоиши иқтидори интиқоли неруи барқ ҷонибҳо ба аҳамияти татбиқи лоиҳаи хатти интиқоли барқи баландшиддати 500 кВ «Роғун–Сайҳун», инчунин идомаи он аз мавзеи Сайҳун то зеристгоҳи барқии «Суғд-500» таъкид намуданд.
********
Саҳифаҳои расмии Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: facebook.com/mewr.tj
Мо дар Телеграм: t.me/mewrtj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mewr.tj















