ВОХӮРИИ ВАЗИР БО САФИРИ ФАРОНСА

🇹🇯🇲🇫 22-юми январи соли 2026, Душанбе. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо Сафири Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Элза Пинёл мулоқот анҷом дод.

Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба густариш ва таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои энергетика ва захираҳои об, аз ҷумла татбиқи лоиҳаҳои муштарак мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Зимни мулоқот ҷониби фаронсавӣ ҳавасмандии худро ба тақвияти ҳамкориҳо ва роҳандозии муносибатҳои нави мутақобилан судманд, аз ҷумла ҷалби ширкатҳои фаронсавӣ дар татбиқи лоиҳаҳои муҳими энергетикӣ, махсусан дар сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун», бо иштироки ширкати маъруфи фаронсавии «Tractebel» баён намуд.

Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати идомаи муколамаи созанда ва густариши ҳамкориҳои амалӣ дар заминаи манфиатҳои муштарак таъкид намуданд.

********
Саҳифаҳои расмии Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: facebook.com/mewr.tj
Мо дар Телеграм: t.me/mewrtj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mewr.tj