БА ТАВАҶҶУҲИ НАМОЯНДАГОНИ ВАСОИТИ АХБОРИ ОММА!
Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони воситаҳои ахбори оммаро ба нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти Вазорат дар соли 2025 даъват менамояд.
Нишасти матбуотӣ 29-уми январи соли 2026, соати 11:00, дар бинои ҶСК «Барқи Тоҷик» (кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 64) баргузор мегардад.
ПРЕСС-РЕЛИЗ
Оид ба натиҷаҳои фаъолияти Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025
Дар соли 2025 корхонаю муассисаҳои соҳаҳои марбут ба Вазорати энергетика ва захираҳои об фаъолияташонро дар самти иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои барномаҳои соҳавии рушди энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ равона намуда, дар доираи салоҳияту уҳдадориҳои худ ҷиҳати амалӣ намудани сиёсати ягонаи энергетикӣ ва истифодаи самараноки захираҳои обии кишвар, аз ҷумла, дар самти бунёд ва таҷдиди иқтидорҳои истеҳсолии энергетикӣ, сохтмон ва таъмири инфрасохтори энергетикӣ, афзоиши имкониятҳои содиротӣ корҳои муайянеро ба анҷом расониданд.
Бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 дар соҳаи энергетика як қатор рӯйдодҳои муҳим ба амал омаданд, аз ҷумла:
• Корҳои сохтмонӣ дар иншооти бузурги аср – Неругоҳи барқи обии «Роғун» қариб 60 дарсад ба анҷом расид. Сарбанди неругоҳ ба нуқтаи 1116 метр аз сатҳи баҳр расида, баландии он ба 151 метр баробар гардид.
Дар ин замина, ду агрегати муваққатии Неругоҳи барқи обии «Роғун» аз ибтидои баистифодадиҳӣ то 31 декабри соли 2025-ум 9,9 миллиард кВт·соат неруи барқ истеҳсол кардааст;
• Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани хати интиқоли барқи 500 кВ-и «Датка-Суғд» дар доираи лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи CASA-1000;
• Баистифодадиҳии ифтитоҳи Неругоҳи барқи обии «Себзор» бо тавононии 11 МВт, зеристгоҳи барқии 110/35/10 кВ «Ҷангал» ва 11 неругоҳи хурди барқи обӣ ва офтобӣ бо иқтидори умумии 5 МВт дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон;
• Пурра таҷдид гардидани Неругоҳи барқи обии «Қайроққум», ки иқтидори кории неругоҳ 60 МВт афзоиш ёфта, ба 174 МВТ баробар гардид;
• Оғози корҳои сохтмонӣ дар неругоҳҳои барқи офтобӣ дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд ва ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон бо иқтидори умумии 500 МВт;
• Пас аз таҷдид ба кор даровардани агрегати сеюми (№7) Неругоҳи барқи обии «Норак», ки аз ин ҳисоб иқтидори лоиҳавии неругоҳ боз 40 МВт зиёд гардид;
• Қабули Барномаи рушди соҳаи энергетикаи барқӣ барои солҳои 2026-2030;
• Ҷалби 523 миллион сомонӣ (48 млн евро) барои лоиҳаи кам намудани талафоти энергияи барқ дар 9 шаҳру ноҳияҳои дигари кишвар (насби 200 ҳазор ҳисобкунаки барқӣ дар шаҳру ноҳияҳои ноҳияҳои Гулистон, Левакант, Восеъ, Фархор, Кушониён, Мастчоҳ, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Вахш).
Дар соли 2025, истеҳсоли энергияи барқ дар ҷумҳурӣ 23 млрд 982,6 млн кВт·соатро ташкил дода, нисбат ба соли 2024 дар ҳаҷми 1 554,9 млн кВт·соат ё 6,5 % зиёд мебошад.
Ҳаҷми истеҳсоли энергияи гармӣ дар соли 2025 ба 1 млн 328,8 ҳазор Гкал баробар шуда, ин дар қиёс ба соли 2024 дар ҳаҷми 26,4 ҳазор Гкал ё 2% зиёд гардидааст.
Дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми умумии содироти энергияи барқ 5 млрд 356,1 млн кВт·соатро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2024 ба андозаи 1 млрд 454,4 млн кВт·соат ё 37,3 фоиз зиёд аст. Аз ин миқдор, содироти тиҷоратии энергияи барқ 2 млрд 666,4 млн кВт·соат ё 912,8 млн сомониро (аз ҷумла, 5,1 млн кВт·соат ё 2 млн сомонӣ аз ҳисоби ҶСК «Помир Энерҷӣ») ташкил дода, нисбат ба соли 2024 ба андозаи 188 млн кВт·соат ё 7,6 фоиз зиёд мебошад.
Содироти тиҷоратӣ ба кишварҳои зерин интиқол дода шудааст:
• ба Афғонистон – 1 млрд 760,3 млн кВт·соат ба маблағи 742,3 млн сомонӣ;
• ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон – 894,7 млн кВт·соат ба маблағи 169,8 млн сомонӣ;
• ба Ҷумҳурии Қирғизистон – 11,5 млн кВт·соат ба маблағи 1,2 млн сомонӣ.
Бояд тазаккур дод, ки беш аз 90 %-и энергияи барқ дар давраи зиёд гардидани резиши об дар дарёҳо, яъне моҳҳои апрел-сентябр содирот шудааст.
Ҳаҷми воридоти энергияи барқ дар ин давра 2 млрд 701,9 млн кВт·соатро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2024 1,1 млрд кВт·соат ё 67 фоиз зиёд мебошад. Аз ин ҳаҷм, 2 млрд 688 млн кВт·соат аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва 13,9 млн кВт·соат аз Ҷумҳурии Қирғизистон ворид шудааст.
Талафоти энергияи барқ ба 3 млрд 992 млн кВт·соат ё 15% баробар гардид, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2024 дар ҳаҷми 482 млн кВт·соат ё 3,6 % кам мебошад.
Дар натиҷаи татбиқи чораҳои амалӣ, талафот дар бахши истеҳсол (0,37%) ва интиқол (3,1%) ба меъёрҳои байналмилалӣ баробар буда, талафот дар сатҳи шабакаҳои тақсимот, ки 15,6%-ро ташкил медиҳад, ки ҳамоно ташвишовар арзёбӣ мегардад.
Ҷамъоварии маблағ аз бозори дохилӣ 92,6 % ё 6,5 млрд сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2024 (91,1 %) ба маблағи 1,6 млрд сомонӣ ё 33% зиёд мебошад.
Ҷамъоварӣ аз ҳисоби аҳолӣ 100 % (2,4 млрд сомонӣ) ва истифодабарандагони бахши саноат ва тиҷорат ба истиснои ҶСК «Ширкати Алюминийи Тоҷик» 98 % (3,5 млрд сомонӣ) таъмин гардид.
Ба ҳолати 31-уми декабри соли 2025 маблағи қарзи дебитории неруи барқ бо назардошти қарзҳои солҳои пешин 3 млрд 634,8 млн сомонӣ, аз ҷумла, аҳолӣ 1 млрд 161,7 млн сомонӣ, ҶСК «Ширкати Алюминийи Тоҷик» 823,8 млн сомонӣ, корхонаю хоҷагиҳои кишоварзӣ 246,1 млн сомонӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ 279,7 сомонӣ ва дигар корхонаҳо 1 млрд 123,6 млн сомониро ташкил медиҳад.
Дар давраи ҳисоботӣ корҳо дар доираи 13 лоиҳаи давлатии сармоягузории соҳаи энергетика, аз ҷумла лоиҳаи «Таҷдиди неругоҳи барқи обии Сарбанд» (гидроагрегати №4), «Таҷдиди неругоҳи барқи обии Қайроққум», «Лоиҳаи минтақавии хати интиқоли барқи CASA-1000», «Таҷдиди НБО Норак» (марҳилаҳои 1 ва 2), «Барномаи солимгардонии вазъи молиявии ширкати энергетикӣ», «CASA-1000 лоиҳаи дастгирии ҷомеа», «Электрофикатсияи деҳот», «Азнавпайвастшавӣ ба низоми энергетикии ягонаи Осиёи Марказӣ», «Кам намудани талафоти энергияи барқ дар вилояти Хатлон» (шаҳрҳои Кӯлоб ва Бохтар), Барномаи рушди соҳаи энергетика (Кам намудани талафоти энергияи барқ дар шаҳрҳои Душанбе, Панҷакент, Истаравшан, Исфара, Конибодом, Бӯстон ва ноҳияи Данғара), лоиҳаи пешпардохт барои омодасозии лоиҳаи сохтмони неругоҳи барқи офтобии хусусӣ дар вилояти Суғд, лоиҳаи «Таҷдиди шабакаи интиқоли барқи Суғд/ Васеъсозии шабакаи интиқоли барқи Суғд» ва Барномаи дастгирии энергетикаи устувор дар Тоҷикистон идома дода шуд. Дар доираи лоиҳаҳои зикршуда дар ҳаҷми 1 496 млн доллари ИМА маблағ ҷалб карда шудааст.
Илова бар ин, татбиқи 5 лоиҳаи дигар дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, аз ҷумла лоиҳаи сохтмони «НБО Себзор», лоиҳаи «Электрофикатсияи деҳот» (қисмати ВМКБ), насби неругоҳи офтобии иқтидораш 3 МВт дар шабакаи асосӣ дар ноҳияи Шуғнон, «Самаранокии энергетикӣ ва энергияи барқароршаванда дар манзил ва саноат» ва лоиҳаи «Барқрасонии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон» бо маблағи умумии 134,7 млн доллари ИМА идома дода шуданд.
Захираҳои об. Вазорат ҷиҳати иҷрои Нақшаи чорабиниҳо ва ташвиқу тарғиби ибтикори панҷуми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи эълон шудани Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо Конфронси миллӣ таҳти унвони «Баланд бардоштани устуворӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон: навоварӣ дар идоракунии об ва мониторинги пиряхҳо»-ро баргузор намуд.
Ҳамчунин, Вазорат дар доираи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо (29-31-уми майи соли 2025, шаҳри Душанбе), дар якҷоягӣ бо шарикони рушд форумҳоро дар мавзуъҳои «Тақвияти ҳамкории фаромарзӣ барои устувории захираҳои об ва муқовимат ба тағйирёбии иқлим дар ҳавзаҳои вобаста ба пиряхҳои Осиёи Марказӣ» ва «Дар самти идоракунии устувори об дар Осиёи Марказӣ: Нақши мониторинги криосфера дар қабули қарорҳо оид ба тақсимоти об» доир кард.
Илова бар ин, дар доираи Намоишгоҳи байналмилалии конфронси мазкур Вазорат дар якҷоягӣ бо ҶСК «Барқи Тоҷик», ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ», ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» ва ҶСК «НБО Роғун» ғурфаи Тоҷикистонро таҳти унвони «Энергияи сабзи устувори Тоҷикистон» ташкил намуда, иқтидорҳои обию энергетикии Тоҷикистон, сиёсати кишвар дар самти энергияи барқароршаванда ва нақши муҳими он дар раванди мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ташвиқу тарғиб гардиданд.
Илова бар ин, Вазорат дар ҳошияи Ҳафтаи ҷаҳонии об (24-28-уми августи соли 2025, шаҳри Стокҳолми Шоҳигарии Шветсия) гӯшаи худро дар таъсис дода, сиёсати хориҷии кишварро дар самтҳои обу иқлим, ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон, инчунин ҳадаф ва вазифаҳои Конфронси чоруми байналмилалии Душанбе оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»-ро ба иштирокчиёни Ҳафтаи ҷаҳонии об муаррифӣ намуд.
Инчунин, бо ташаббуси Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи сатҳи баланд таҳти унвони «Об ва офатҳо: аз пирях то баҳр» баргузор гардид.
Бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 майи соли 2025, №318 санаи 10-уми декабри соли 2025 ҷаласаи якуми Шурои миллии об баргузор гардид. Ҳадафи асосии таъсиси Шурои миллии об фароҳам овардани фазои ягонаи ҳамоҳангсозӣ, арзёбӣ ва қабули қарорҳои муҳим дар самти истифода, ҳифз ва идоракунии устувори захираҳои обии кишвар мебошад. Ин мақом имкон медиҳад, ки сиёсати давлатӣ дар соҳаи об дар як платформаи ягона мутобиқсозӣ шуда, равандҳои банақшагирӣ ва амалисозии стратегияҳо шаффоф, ҳамоҳанг ва самаранок гарданд.
Дар соли 2025 аз ҷониби ташкилоту идораҳои марбут ба истифодаи об аз сарчашмаҳои гуногуни обгирӣ зиёда аз 9227,1 млн м³ гирифта шудааст, ки истифодаи ҳақиқии он бе талафот 7258,5 млн м³-ро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, 4303,2 млн м³ ба мақсади обёрӣ 151,4 млн м³ бо мақсади таъмини оби ошомиданӣ ба аҳолӣ, 0,9 млн м³ бо мақсади обтаъминкунии деҳот, 57,1 млн м³ бо мақсади моҳипарварӣ, 1760,9 млн м³ бо мақсади истифода дар НБО-ҳо, МБГ 1 ва 2-и шаҳри Душанбе ва 958,0 млн м³ дар дигар соҳаҳо об истифода намудаанд.
Соли 2025 Барномаи ислоҳоти соҳаи об барои солҳои 2016-2025 ба анҷом расида, айни замон аз натиҷаҳои барнома ҷамъбаст гардида истодааст.
Нафту газ. Дар соли 2025 истихроҷи нафт 18 546 тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2024 дар ҳаҷми 2 409 тонна ё 15 % зиёд мебошад.
Истихроҷи гази табиӣ 247 ҳаз. м³-ро ташкил дода, дар қиёс ба соли 2024 дар ҳаҷми 115 ҳаз. м³ ё 31,8 % кам мебошад.
Дар доираи тавозуни индикативӣ воридоти маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ аз Федератсияи Россия дар соли 2025 ба ҷумҳурӣ 1,2 млн тоннаро ташкил дода, ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2024 дар ҳаҷм 180 ҳазор тонна ё 17,5 % зиёд буда, иҷрои нақша дар сатҳи 103% таъмин гардид.
Дар соли 2025 дар соҳаи нафту газ ҳамкорӣ бо ширкати чинии «СиЭнПиСиСентрал эйжа Б.В.» дар самти ҷустуҷӯ, иктишоф, истихроҷ ва кашфи конҳои нафту газ ба роҳ монда шудааст.
Дар соли 2025 ширкат корҳои омӯзишӣ, иктишофӣ, геологию геофизикиро бо усулӣ 2Д (сейсмоиктишофӣ) бо дарозии 1 ҳазору 100 км ба анҷом расонидааст. Айни замон ширкат ба корҳои хулосабарории 17 натиҷаҳои корҳои саҳроӣ ва интерпротатсияи онҳо машғул мебошад. Баъди ба даст овардани натиҷаҳои зарурӣ аз маълумотҳои ба даст омада, нуқтаи пармакунии чоҳи аввалин муайян гардида пармакунии чоҳи якум ба роҳ монда хоҳад шуд.
********
Саҳифаҳои расмии Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: facebook.com/mewr.tj
Мо дар Телеграм: t.me/mewrtj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mewr.tj













