29-уми январ нишасти матбуотии Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Вазорат дар соли 2025 баргузор гардид.
Дар нишасти матбуотӣ роҳбарияти Вазорат, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, доираи васеи намояндагони васоити ахбори омма аз шабакаҳои телевизионии «Тоҷикистон», «Сафина», «Ҷаҳоннамо», «Баҳористон», «Синамо», «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», «МИР24», АМИТ «Ховар», агентиҳои иттилоотии «Азия Плюс», «Рейтерс», «ТАСС», «Интерфакс», «Спутник», «Наво», «Авеста», рӯзномаю маҷаллаҳои «Ҷумҳурият», «Садои Мардум», «Халқ Овозӣ», «Бонувони Тоҷикистон», «Ҷавонони Тоҷикистон», «Дайджест пресс», «Время и денги», «Время», «Илм ва ҳаёт», «Навиди варзиш», «Ба қуллаҳои дониш», радиоҳои «Тоҷикистон», «Садои Душанбе», «Ховар», «Овози Тоҷик», «Фарҳанг», «Радиои бурунмарзӣ», «Озодӣ», «ZET FM» ва сомонаҳои «radiotoj.tj», «Oila.tj», «Dialog.tj» ва рӯзноманигорони мустақил ҳузур доштанд.
Дар рафти нишасти матбуотӣ мавзуъҳои расидан ба истиқлоли энергетикӣ, таъмини устувори неруи барқ, рафти корҳои сохтмонии НБО «Роғун», бунёди неругоҳҳои барқи офтобӣ, истифодаи панелҳои офтобӣ аз ҷониби сокинон, содироти неруи барқ ба хориҷи кишвар, маҳдудияти неруи барқ, ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ, лоиҳаҳои бахши энергетика, аз ҷумла кам намудани талафоти неруи барқ, «CASA-1000», вазъи истихроҷи маҳсулоти нафтӣ, газ, воридоти маҳсулоти нафтӣ, гази моеъ, омодагӣ Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи «Даҳсолаи байналмилалии об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳа матраҳ шуданд.
********
Саҳифаҳои расмии Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: facebook.com/mewr.tj
Мо дар Телеграм: t.me/mewrtj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mewr.tj























