31-уми январи соли 2026, Душанбе. – Дар Муассисиаи давлатии «Боғи фарҳангию фароғатии ба номи А.Фирдавсӣ»-и шаҳри Душанбе Ҷашни Сада баргузор гардид.
Дар чорабинӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода , Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Анвар Сафарзода, вазири кишоварзӣ Қурбон Ҳакимзода , роҳбарону намояндагони вазоратҳо, кумитаҳо, агентиҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, муассисаву ташкилотҳои зерсохтори вазорати кишоварзӣ, раёсатҳои кишоварзии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, кишоварзон ва меҳмонону сокинони пойтахт иштирок намуданд.
Дар баробари дигар вазорату идораҳо Гӯшаи намоишии Вазорати энергетика ва захираҳои об низ ташкил гардид. Дар он корхонаву муассисаҳои соҳаи энергетика – ҶСК «Барқи Тоҷик», ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ», ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ», Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон ва корхонаи «Имод»-и ҶСК «Тоҷикгидроэлектромонтаж» дастоварҳои худро ба намоиш гузоштанд.
********
Саҳифаҳои расмии Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: facebook.com/mewr.tj
Мо дар Телеграм: t.me/mewrtj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mewr.tj













