ҶАЛАСАИ ПАНҶУМИ КУМИТАИ РОҲБАРИКУНАНДА БАРНОМАИ ДАСТГИРИИ ЭНЕРГЕТИКАИ УСТУВОР ДОИР ГАШТ

04-уми феврали соли 2026, Душанбе. – Бо иштироки вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа, директори Агентии назорати давлатии энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сорбон Холмуҳамадзода, намояндагони вазорату идораҳо, инчунин намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, ҷаласаи панҷуми Кумитаи роҳбарикунанда Барномаи дастгирии энергетикаи устувор дар Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар оғози ҷаласа вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа суханронӣ намуда, вазъ ва равандҳои татбиқи лоиҳаро дар шаш моҳи гузашта мавриди таҳлил қарор дод.

«Айни замон, дар кишвар раванди ислоҳоти соҳаи энергетика идома дорад. Дар самти такмили заминаҳои ҳуқуқӣ ва танзимкунандаи соҳа корҳои назаррас анҷом ёфта, лоиҳаи Кодекси энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, айни замон дар марҳилаи баррасии вазорату идораҳо қарор дорад. Қабули санади мазкур ба баланд бардоштани самаранокии идоракунӣ ва рушди минбаъдаи соҳа мусоидат хоҳад кард», – таъкид намуд вазир.

Сипас, директори Агентии назорати давлатии энергетикӣ Сорбон Холмуҳамадзода, роҳбари бахши ҳамкориҳои Дафтари Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Изабел Уриз Ҳэрнандес сухан ронданд.

Дар ҷараёни ҷаласа, натиҷаҳои бадастомада ва иқдомҳои анҷомёфтаро дар чорчӯбаи барнома мавриди муҳокимаи муфассал қарор гирифта, мушкилоти ҷойдошта ва роҳҳои ҳалли онҳо баррасӣ шуданд. Ҳамзамон, нақшаи кори шашмоҳаи навбатӣ муайян карда шуданд.

********
Саҳифаҳои расмии Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: facebook.com/mewr.tj
Мо дар Телеграм: t.me/mewrtj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mewr.tj