ҶАЛАСАИ САЙЁРИ ВАЗИР ДАР МАКТАБ-ИНТЕРНАТИ КӮДАКОНИ ЯТИМУ БЕПАРАСТОР

06-уми феврали соли 2026 дар Мактаб-интернати кӯдакони ятиму бепарастори ба номи Раҳмон Шукури ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон, ҷаласаи сайёри вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар оғоз аз шароити инфрасохтори мактаб-интернат, аз ҷумла биноҳои хобгоҳ, ошхона, маҷлисгоҳ, китобхона, синфхонаҳои таълимӣ, ташнобу ҳаммом, толор ва майдони варзишӣ дидан карда шуд.

Бо мақсади беҳтарсозии шароити зисти тарбиятгирандагон, соли ҷорӣ биноҳои хобгоҳ, ошхона, китобхона, маҷлисгоҳ ва толори варзишӣ, ки аз се ошёна иборатанд, бо дастгирии Вазорати энергетика ва захираҳои об бо низоми муосири гармидиҳӣ таъмин гардиданд.

– Бо пуштибонӣ аз сиёсати иҷтимоӣ ва башардӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ғамхории пайваста нисбат ба қишрҳои осебпазири ҷомеа, аз ҷумла ятимон, кӯдакони бепарастор ва ашхоси имконияташон маҳдуд, зарур аст, биноҳои муассиса аз таъмири асосӣ баровар шавад ва барои тарбиятгирандагон шароити боз ҳам беҳтари зисту таълим фароҳам оварда шаванд, – иброз дошт Далер Ҷумъа зимни ҷаласа.

Дар ҳамин замина, супориш дода шуд, ки дар кутоҳтарин муҳлат лоиҳаи таъмири асосии биноҳои болозикр омода ва корҳои сохтмонӣ оғоз карда шаванд.

Ҳамзамон, ҷиҳати беҳтар гардонидани таъминоти муассиса бо неруи барқ ва коҳиши хароҷоти энергетикӣ, дар ҳудуди мактаб-интернат насби панелҳои офтобӣ ба нақша гирифта шудааст.

Тибқи иттилои роҳбарияти муассиса, айни ҳол дар Мактаб-интернати кӯдакони ятиму бепарастори ба номи Раҳмон Шукур 102 нафар тарбиятгиранда ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.

********
Саҳифаҳои расмии Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: facebook.com/mewr.tj
Мо дар Телеграм: t.me/mewrtj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mewr.tj