🇹🇯🇺🇿12-уми феврали соли 2026, Тошканд. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо вазири энергетикаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҷурабек Мирзомаҳмудов мулоқот анҷом дод.
Зимни суҳбат иброз гардид, ки бо ташаббус ва иродаи сиёсии сарони давлатҳо – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев муносибатҳои дуҷониба дар ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла энергетика, бо суръат рушд карда, тавсеа меёбанд.
Дар мулоқот доираи васеи масъалаҳои ҳамкорӣ, аз ҷумла, ҳамоҳангсозии содирот ва воридоти неруи барқ, махсусан дар давраи тирамоҳу зимистон, татбиқи лоиҳаи «Азнавпайвастшавӣ ба низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ» мавриди муҳокима қарор гирифт.
Дар анҷом ҷонибҳо аз сатҳи кунунии ҳамкориҳо изҳори қаноатмандӣ карда, омодагии худро барои таҳкими минбаъдаи муносибатҳои бародарона ва стратегӣ ба нафъи мардумони ҳар ду кишвар изҳор доштанд.
********
Саҳифаҳои расмии Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: Министерство энергетики и водных ресурсов
Мо дар Телеграм: t.me/mewrtj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mewr.tj















