ИШТИРОК ДАР ВОХӮРИИ РОҲБАРОНИ МАҚОМОТИ ОБУ ЭНЕРГЕТИКАИ КИШВАРҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

‎🇹🇯🇺🇿🇰🇬🇰🇿 13-уми феврали соли 2026, Тошканд. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар ҷаласаи роҳбарони мақомоти обу энергетикии ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон иштирок намуд.

‎Дар вохӯрӣ густариши ҳамкориҳо ва муносибатҳои минтақавӣ дар самти обу энергетикӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

‎Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баромади худ зарурати рушди минбаъдаи ҳамкории созанда, табодули таҷриба ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки минтақавиро таъкид намуда, омодагии Тоҷикистонро барои тақвияти муколама ва амалҳои ҳамоҳангшуда изҳор дошт.

‎Дар анҷом ҷонибҳо изҳор доштанд, ки минбаъд низ мулоқоту машваратҳои сатҳи баланд идома ёфта, тадбирҳои муштарак барои таъмини амнияти энергетикӣ ва истифодаи ҳамгироёнаи обии минтақаро тақвият хоҳанд дод.

‎********
‎Саҳифаҳои расмии Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

‎Мо дар Фейсбук: Министерство энергетики и водных ресурсов
‎Мо дар Телеграм: t.me/mewrtj
‎Мо дар Инстаграм: instagram.com/mewr.tj