ҶАЛАСАИ МУШТАРАКИ ГУРӮҲИ КОРӢ ВА МУКОЛАМАИ МИЛЛИИ СИЁСӢ ОИД БА ИДОРАКУНИИ ЗАХИРАҲОИ ОБ

17-уми феврал дар шаҳри Душанбе ҷаласаи муштараки Гурӯҳи корӣ оид ба идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об ва Муколамаи миллии сиёсӣ оид ба идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, инчунин шарикони рушд баргузор гардид.

Ҷамшед Шоимзода, муовини якуми вазири энергетика ва захираҳои об, зимни ифтитоҳи чорабинӣ таъкид намуд, ки ҷаласаи муштарак яке аз муҳимтарин майдонҳои ҳамоҳангсозии фаъолияти ҳамаи сохторҳои соҳавӣ буда, барои муттаҳид сохтани талошҳои Ҳукумат, шарикони рушд ва доираҳои коршиносӣ дар роҳи таҳияи қарорҳои мувофиқшуда, инчунин, татбиқи босамари барномаҳо ва стратегияҳои миллӣ дар бахши об аҳамияти калон дорад.

Дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба дастовардҳои ислоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, самтҳои асосии амалҳои минбаъда дар соҳаи об, раванди татбиқи Барномаи давлатии таъминоти оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов барои солҳои 2025-2029, омодагӣ ва баргузории Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устовор, солҳои 2018-2028», ки рӯзҳои 25-28 майи соли 2026 дар шаҳри Душанбе дар назар аст ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

********
Саҳифаҳои расмии Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: facebook.com/mewr.tj
Мо дар Телеграм: t.me/mewrtj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mewr.tj