🇹🇯🇮🇷 18-уми феврали соли 2026, Душанбе. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ҷониби тоҷикистонии Комиссияи муштараки Тоҷикистону Эрон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ, илмӣ ва фарҳангӣ Далер Ҷумъа бо вазири саноат, маъдан ва савдои Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Атобак мулоқот анҷом дод.
Зимни суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор дода, дурнамои робитаҳои иқтисодиро муҳокима намуданд.
Иброз гашт, ки заминаҳои ҳуқуқӣ ва иқтисодии байни кишварҳо барои густариши ҳамкориҳо дар бахшҳои энергетика, саноат, нақлиёт, кишоварзӣ ва тиҷорат имкониятҳои фарохро фароҳам овардааст.
Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа аз сатҳи баланди муносибатҳои мавҷуда изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии ҷониби моро барои тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва ҷалби сармоя таъкид кард.
********
Саҳифаҳои расмии Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: facebook.com/mewr.tj
Мо дар Телеграм: t.me/mewrtj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mewr.tj















