🇰🇿🇰🇬🇹🇯🇹🇲🇺🇿20-уми феврали соли 2026 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 92-юми Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии оби Осиёи Марказӣ (КБҲХО) баргузор шуд.
Дар кори ҷаласа вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа, аъзои МКВК — вазири захираҳои об ва обёрии Ҷумҳурии Қазоқистон Нуржан Нуржигитов, вазири хоҷагии оби Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Ҳамроев, раиси Кумитаи давлатии хоҷагии оби Туркманистон Дурди Генҷийев, инчунин намояндагони Қирғизистон ба ҳайси кишвари нозир ширкат варзиданд.
Дар ифтитоҳи чорабинӣ Далер Ҷумъа ҳайатҳои кишварҳои Осиёи Марказиро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, таъкид намуд, ки фаъолияти КБҲХО ҳамчун сохтори муҳими ҳамоҳангсозӣ барои истифодаи самараноки захираҳои обӣ дар минтақа аҳамияти калидӣ дорад.
Вазир, ҳамчунин иштирокчиёнро ба Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028», ки рӯзҳои 25–28-уми майи соли 2026 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, даъват кард.
Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳусни ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифта, масъалаҳои марбут ба натиҷаҳои обгирӣ, реҷаи кории силсилаобанборҳо дар давраи байнинашъунамои солҳои 2025-2026 дар ҳавзаҳои дарёҳои Сир ва Аму, иҷрои пешниҳодҳо ва ташаббусҳои Саварони давлатҳои таъсисдиҳандаи ФБНА ва масъалаҳои ҷорӣ баррасӣ гардиданд.
Дар фароварди нишаст Протоколи Ҷаласаи 92-юми Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии оби Осиёи Марказӣ ба имзо расонида шуд.
****
Саҳифаҳои расмии Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: facebook.com/mewr.tj
Мо дар Телеграм: t.me/mewrtj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mewr.tj


























