🇹🇯🇺🇿 20-уми феврали соли 2026, Душанбе. – Дар ҳошияи ҷаласаи 92-юми Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии оби Осиёи Марказӣ вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо вазири хоҷагии оби Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Ҳамроев мулоқот анҷом дод.
Нахуст, ҷонибҳо вобаста ба натиҷаҳои ҷаласаи навбатии комиссия табодули афкор намуданд.
Дар идомаи суҳбат сатҳи ҳамкориҳои кунунӣ ва дурнамои он баррасӣ гардид.
*****
Саҳифаҳои расмии Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: facebook.com/mewr.tj
Мо дар Телеграм: t.me/mewrtj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mewr.tj















