🇹🇯🇵🇰24-уми феврали соли 2026, Душанбе. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо вазири федеролии энергетикаи Ҷумҳурии Исломии Покистон Сардар Аваис Аҳмад Хан Леғарӣ мулоқот (маҷозӣ) анҷом дод.
Ҳамраисони Комиссияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ доираи васеи равобити дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамзамон, миёни ҷонибҳо вобаста ба муносибатҳои кишварҳо дар соҳаи энергетика, бахусус дар доираи лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи «CASA -1000» табодули афкор сурат гирифт.
Зимни суҳбат нақши Комиссияи муштарак дар рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи кишварҳои муҳим арзёбӣ гардид.
Ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи муколамаи созанда иброз намуда, масъалаи баргузор намудани ҷаласаи 8-уми Комиссияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ, ки баргузории он дар Тоҷикистон дар назар аст, мавриди муҳокима қарор доданд.
********
Саҳифаҳои расмии Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: facebook.com/mewr.tj
Мо дар Телеграм: t.me/mewrtj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mewr.tj














