28-уми феврали соли 2026 дар маҳаллаи Лӯчоби Болои Ҷамоати деҳоти Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ бо иштироки муовинони Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода ва Усмоналӣ Усмонзода, роҳбарият ва кормандони Вазорати энергетика ва захираҳои об, Кумитаи ҳифзи муҳити зист, ҶСК «Барқи Тоҷик», ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ», ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ», Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ, ҶСК «Нафту газ», ҶСК «Тоҷиктрансгаз» ва НБО «Сангтӯда-2» маъракаи васеи ниҳолшинонӣ баргузор гардид.
Иқдоми мазкур дар доираи татбиқи Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 амалӣ гардид.
Дар ин рӯз 1500 бех ниҳолҳои мевадиҳанда, аз қабили себ, нок, писта, бодом, олуча шинонида шуд.
Зимни чорабинӣ муовини Сарвазири кишвар ба масъулон дастурҳои мушаххас оид ба таъмини нигоҳубини мунтазами дарахтон, беҳтар намудани ҳолати мавзеъ ва вусъат додани корҳои ниҳолшинонӣ дар доираи барнома дод.
Бояд гуфт, ки дар мавзеи мазкур, дар маҷмуъ 12 ҳазор бех ниҳол нишонда шуда, тибқи нақша то анҷоми соли 2027 шинондани беш аз 170 ҳазор бех дар нақша мебошад.
Обёрии ниҳолҳо тарқи обёрии қатрагӣ ба роҳ монда шуда, барои нигоҳубини ниҳолҳо кормандони алоҳида ҷалб шудаанд.
********
Саҳифаҳои расмии Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: facebook.com/mewr.tj
Мо дар Телеграм: t.me/mewrtj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mewr.tj




































