ДУШАНБЕ МИЗБОНИ ҶАЛАСАИ КОМИССИЯИ МУШТАРАКИ БАЙНИҲУКУМАТИИ ТОҶИКИСТОН ВА ТУРКМАНИСТОН

🇹🇯🇹🇲 03-уми марти соли 2026, Душанбе. – Ҳайати Туркманистон зери роҳбарии муовини Раиси Девони Вазирон – Атахаллиев Тангригулӣ барои иштирок дар ҷаласаи чордаҳуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ ба шаҳри Душанбе ташриф овард.

Ҳайати расмии Туркманистонро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон – Зиёзода Сулаймон ва дигар шахсони расмӣ гарму самимӣ истиқбол намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки ҷаласаи чордаҳуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ 03-04-уми март баргузор мегардад.

Зимни ҷаласа таҳкими ҳамкориҳо, вусъат додани равобити ду кишвар ва имкониятҳои нави муносибатҳои мутақобилан судманд баррасӣ мегарадад.