ҶАЛАСАИ ЧОРДАҲУМИ КОМИССИЯИ МУШТАРАКИ БАЙНИҲУКУМАТИИ ТОҶИКИСТОН ВА ТУРКМАНИСТОН ОҒОЗ ШУД

🇹🇯🇹🇲 03-юми марти соли 2026 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи чордаҳуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ ба кори худ шуруъ кард.

Ҷаласа таҳти раёсати ҳамраисони Комиссия – муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон – Зиёзода Сулаймон ва муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон – Атахаллиев Тангригулӣ бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои ҷонибҳо сурат гирифт.

Дар оғози ҷаласа иброз гашт, ки бо иродаи сиёсӣ ва роҳнамоии роҳбарияти олии ду кишвар – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимуҳамедов ҳамкориҳои дуҷониба дар ҳамаи самтҳо мунтазам густариш меёбад ва ба сатҳи сифатан нав баромада истодааст.

Ҷонибҳо масъалаҳои муҳими муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла ҳолат ва дурнамои ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, такон бахшидан ба муомилоти ду кишвар, рушди робитаҳо дар соҳаи нақлиёту коммуникатсия, энергетика ва захираҳои об, саноату сохтмон, кишоварзӣ, маориф ва илм, тандурустӣ, саноати тиббӣ, авиатсияи гражданӣ, рушди ҳамкории фарҳангӣ-гуманитарӣ, ҷавонон ва варзиш, инчунин тавсеаи минбаъдаи пояи ҳуқуқию шартномавии муносибатҳои тарафайнро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Зикр гардид, ки гардиши савод миёни кишварҳо дар соли 2025 ба 43,1 млн доллари ИМА баробар гардида, нисбат ба соли 2024 дар ҳаҷми 17,1% афзоиш ёфтааст. Ин нишондиҳанда далели сатҳи рӯзафзуни ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар мебошад.
Нишаст дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум сурат гирифта, изҳори итминон карда шуд, ки тарафҳо ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ ва фарҳангиро тавсеа мебахшанд.

Тибқи рӯзномаи ҷаласа, санаи 04-уми март Протоколи ҷаласаи чордаҳуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ мувофиқа ва ба имзо расонда мешавад.

********
Саҳифаҳои расмии Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: facebook.com/mewr.tj
Мо дар Телеграм: t.me/mewrtj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mewr.tj