‎ИМЗОИ ПРОТОКОЛИ ҶАЛАСАИ 14-УМИ КОМИССИЯИ МУШТАРАКИ БАЙНИҲУКУМАТИИ ТОҶИКИСТОНУ ТУРКМАНИСТОН

‎🇹🇯🇹🇲04-уми марти соли 2026, Душанбе. – Дар рӯзи дуюми ҷаласаи чордаҳуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ, ҷонибҳо натиҷаҳои гуфтушунидҳоро созанда арзёбӣ намуданд.

‎Ҳамраисони Комиссия – муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон ва муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Атахаллиев Тангригулӣ изҳор доштанд, ки ҷаласа дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд баргузор гардида, тавофуқоти бадастомада заминаи устувор барои густариши минбаъдаи муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва робитаҳои илмӣ-техникӣ мегардад.

‎Пас аз мувофиқаи ҳамаи масъалаҳои рӯзнома, аз ҷониби ҳамраисони Комиссия Протоколи ҷаласаи чордаҳуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ ба имзо расонда шуд.

‎Ҳуҷҷати мазкур самтҳои асосии фаъолияти минбаъдаро муайян намуда, ҳамчун қадами муҳими дигар дар рушди муносибатҳои дӯстонаи кишварҳо хизмат мекунад.

‎Ҷонибҳо изҳори итминон намуданд, ки татбиқи саривақтӣ ва босамари тавофуқоти дар Протокол зикршуда ба таҳкими робитаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, афзоиши ҳаҷми савдои дуҷониба ва рушди ҳамкориҳо мусоидат хоҳад кард.