Дар натиҷаи муколамаи сатҳи баланд вобаста ба татбиқи лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи «CASA-1000», ки санаи 10-уми марти соли 2026 дар шаҳри Людвикаи Шветсия оғоз гардид, ҷонибҳо ба мувофиқа омаданд, ки консорсиуми ширкатҳои «HITACHI ENЕRGY» (Шветсия)/«Cobra Instalaciones y Servicios S.A.» (Испания) хизматрасонии техникии зеристгоҳҳои конвертории лоиҳаро дар Тоҷикистон (Сангтӯда) ва Ҷумҳурии Исломии Покистон (Навшера) то моҳи майи соли 2028 анҷом медиҳад.
Ин қарор имкон медиҳад, ки хизматрасонӣ ва истифодаи устувори иншооти калидии инфрасохтори лоиҳа таъмин гардида, ҳамзамон шароити мусоид барои анҷомёбии сохтмони хати интиқоли ҷараёни доимӣ дар ҳудуди Афғонистон фароҳам оварда шавад, ки ба анҷом расидани он дар соли 2027 ба нақша гирифта шудааст. Бо ин роҳ, инфрасохтори лоиҳаи «CASA-1000» пурра то соли 2027 ба шабакаи барқ пайваст карда мешавад.
Қобили зикр аст, ки аз чор се кишвари иштирокчии лоиҳа – Тоҷикистон, Қирғизистон ва Покистон, аллакай сохтмони иншооти худро дар доираи лоиҳа ба анҷом расонидаанд. Интизор меравад, ки сохтмони хати интиқоли ҷараёни доимӣ дар Афғонистон то соли 2027 хотима ёбад.













