10-уми марти соли 2026, Людвика (Шветсия). – Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар муколамаи сатҳи баланд вобаста ба татбиқи лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи «CASA-1000» иштирок намуд.
Дар ин ҳамоиш, инчунин намояндагони кишварҳои узви лоиҳаи CASA-1000, инчунин роҳбарият ва мутахассисони ширкатҳои пудратчӣ, ки корҳои сохтмони истгоҳҳои конверториро дар Тоҷикистон (Сангтӯда) ва Покистон (Навшера) анҷом доданд, «HITACHI ENЕRGY» (Шветсия) ва «Cobra Instalaciones y Servicios S.A.» (Испания) ширкат доштанд.
Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар суханронии худ зикр намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пешбурди босамари ин лоиҳаи муҳим аҳамияти махсус медиҳад. Зеро лоиҳаи «CASA-1000» яке аз ташаббусҳои калидии ҳамгироии энергетикии минтақа ба рушди савдои барқ, таҳкими амнияти энергетикӣ ва густариши ҳамкориҳои иқтисодии байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ мусоидат менамояд.
Зимни ҷаласа масъалаҳои ҷойдошта дар доираи лоиҳа баррасӣ шуданд.
@mewrtj
















