28-уми март дар маркази ноҳияи Роштқалъа Ҷашни байналмилалии Наврӯзи аҷам бо шукӯҳу шаҳомати хоса ва бо риояи суннатҳои неки ниёгон таҷлил гардид.
Дар чорабинии идона муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифа Худобахш, муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Фурқати Ҳукумат, раиси ноҳияи Роштқалъа Сафарзода Лашкар Аслам, инчунин намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, фаъолон ва сокинони ноҳия иштирок намуданд.
Нахуст аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ҳунармандони маҳаллӣ дидан намуданд.
Ба ҳунармандон барои эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ баҳои баланд дода шуда, саҳми онҳо дар ҳифзи фарҳанги миллӣ муҳим арзёбӣ гардид.
Муовини вазири энергетика ва захираҳои об Шарифа Худобахш зимни суханронӣ тамоми иштирокчиёнро ба муносибати Наврӯзи аҷам аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуд.
Зикр шуд, ки дар партави сиёсати созандаи роҳбарияти олии кишвар ин ҷашни бостонӣ ба омили муҳими таҳкими ваҳдати миллӣ ва рушди фарҳанг табдил ёфтааст.
Дар идома барномаи фарҳангии идона бо иштироки ҳунармандони ноҳия баргузор гардид.













