Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар ҳошияи форуми байналмилалии Bharat Electricity Summit 2026 (Деҳлӣ) бо директори иҷроияи ширкати бузурги энергетикии Ҳиндустон NTPC Limited — Гурдип Сингҳ мулоқот анҷом дод.
Дар меҳвари суҳбат масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи энергетика, бахусус дар самтҳои истеҳсол ва интиқоли неруи барқ, ҷалби сармоя ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак қарор гирифт.
Таъкид гардид, ки NTPC Limited ҳамчун яке аз бузургтарин истеҳсолкунандагони неруи барқ дар Ҳиндустон ва минтақа, дорои таҷрибаи ғанӣ дар рушди неругоҳҳои ангиштӣ, газӣ, обӣ ва махсусан энергияи барқароршаванда мебошад.
Ҷонибҳо имконияти истифодаи таҷрибаи пешқадами NTPC Limited дар татбиқи лоиҳаҳои бузурги энергетикӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ ва баланд бардоштани самаранокии энергетикиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳим арзёбӣ намуданд.















