🇹🇯🇮🇳Дар ҳошияи форуми байналмилалии Bharat Electricity Summit 2026 (Деҳлӣ), ки то 22-юми март идома меёбад, Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо Вазири энергетикаи Ҷумҳурии Ҳиндустон Маноҳар Лал Хаттар мулоқоти судманд анҷом дод.
Ҳамсуҳбатон вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаи энергетика мавриди баррасӣ қарор доданд
Дар ин замина, ҷонибҳо имкониятҳои татбиқи лоиҳаҳои муштарак, табодули таҷриба ва ҷалби технологияҳои муосирро барои рушди устувори соҳа муҳокима карданд.












