Дар ҳошияи намоишгоҳи байналмилалии энергетикии Bharat Electricity Summit 2026 (Деҳлӣ, Ҳиндустон) вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа аз ғурфаи ширкати маъруфи энергетикии Ҳиндустон Tata Power боздид ба амал оварда, бо навтарин роҳҳалҳои технологӣ ва пешниҳодҳои сармоягузории ширкат, аз ҷумла дар самтҳои энергетикаи барқароршаванда, рақамикунонии шабакаҳо ва баланд бардоштани самаранокии энергетикӣ шинос гардид.
Дар доираи ин шиносоӣ вазир бо директори генералии Tata Power Правир Синҳа буд, ки дар доираи он ҷонибҳо лоиҳаҳои ҷории ширкат дар Тоҷикистон ва дурнамои густариши ҳамкориро баррасӣ намуданд. Аз ҷумла, масъалаҳои имкони иштироки ҷониби Ҳиндустон дар рушди шабакаҳои тақсимоти барқ, ҷорӣ намудани низомҳои интеллектуалии баҳисобгирӣ ва идоракунии равандҳои фурӯши неруи барқ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Қобили зикр аст, ки айни замон Tata Power дар Тоҷикистон дар доираи гранти Бонки Осиёии Рушд лоиҳаро амалӣ намуда, идоракунии ширкати «Шабакаҳои тақсимоти барқ»-ро ба уҳда дорад. Ҳадафи асосии лоиҳа беҳтар намудани нишондиҳандаҳои фаъолияти ширкати миллии энергетикӣ, коҳиш додани талафоти неруи барқ ва баланд бардоштани сифати хизматрасониҳо мебошад.
Дар натиҷаи мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои амиқтар намудани ҳамкорӣ изҳор доштанд.















