‎ТОҶИКИСТОН ВА БУТАН ҲАМКОРИҲОИ ЭНЕРГЕТИКИРО БАРРАСӢ КАРДАН

🇹🇯🇧🇹‎ Дар ҳошияи форуми байналмилалии Bharat Electricity Summit 2026 вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо вазири энергетика ва захираҳои табиии Бутан Лионпо Гем Шеринг мулоқот анҷом дод.

‎Дар вохӯрӣ, ҳамчунин Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҳиндустон Луқмон Бобокалонзода ва Сафири Подшоҳии Бутан дар Ҳиндустон, генерал-майор Ветсоп Намгйел иштирок намуданд.

‎Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ва Бутан дорои шароити табиии ба ҳам монанд буда, пеш аз ҳама захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ доранд.

‎Вазири энергетика ва захираҳои табиии Бутан ба омӯзиши таҷрибаи Тоҷикистон дар самти татбиқи лоиҳаҳои бузурги гидроэнергетикӣ, аз ҷумла сохтмон ва идоракунии неругоҳҳои барқи обӣ, изҳори таваҷҷуҳи зиёд намуд. Ӯ пешрафти назарраси Тоҷикистонро дар рушди инфрасохтори энергетикӣ баланд арзёбӣ карда, пешниҳоди роҳандозии ҳамкориҳои амалӣ, аз ҷумла таҳия ва имзои Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи энергетикаро матраҳ намуд.

‎Дар навбати худ, Далер Ҷумъа ҷониби Бутанро барои боздид аз Тоҷикистон, аз ҷумла иштирок дар Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028», ки моҳи май дар назар аст, инчунин шиносоӣ бо яке аз иншооти бузурги энергетикии кишвар — Неругоҳи барқи обии «Роғун», ки унсури калидии стратегияи миллии энергетикӣ маҳсуб меёбад, даъват намуд.