19-уми марти соли 2026, Деҳлӣ (Ҳиндустон). — Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар доираи ҳамоиши Форуми байналмилалии Bharat Electricity Summit 2026 дар нишасти сатҳи баланди вазирон таҳти унвони «Transitioning Together: Shared Pathways for a Sustainable Future» иштирок намуд.
Дар чорабинӣ намояндагони кишварҳои Осиё ва Аврупо ширкат варзида, хусусияти ҷаҳонии баррасии гузариши энергетикиро таъкид намуданд.
Дар ҷараёни нишаст ба масъалаҳои банақшагирии низомӣ, ҳамгироии манбаъҳои барқароршавандаи энергия , рушди савдои фаромарзии неруи барқ ва навсозии шабакаҳои энергетикӣ таваҷҷуҳи зоҳир гардид.
Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар суханронии худ нақши хоси кишварро дар ташаккули низоми устувори энергетикии минтақа таъкид намуда, илова кард, ки Тоҷикистон аллакай дорои бартарии назаррас мебошад, зеро ҳиссаи баланди гидроэнергетика асоси энергетикаи миллӣ буда, истеҳсоли неруи барқи «сабз»-ро таъмин мекунад.
— Стратегияҳои кишвар бар ду самти асосӣ асос ёфтаанд: таҳкими пойгоҳи мавҷудаи гидроэнергетикӣ ва рушди ҳамзамони неругоҳҳои офтобӣ ва бодӣ. Ин равиш имкон медиҳад устувории низоми энергетикӣ, махсусан бо дарназардошти омилҳои иқлимӣ, баланд бардошта шуда, талаботи мавсимии неруи барқ бо чандирии бештар таъмин гардад, — таъкид кард вазир.
Бо таваҷҷуҳ ба ҳамкории минтақавӣ вазир аҳамияти лоиҳаи CASA-1000-ро ҳамчун намунаи муҳими ҳамгироии муваффақонаи энергетикии фаромарзӣ таъкид намуд.












