‎ТОҶИКИСТОН ВА ҲИНДУСТОН ҲАМКОРИРО ДАР СОҲАИ ЭНЕРГИЯИ БАРҚАРОРШАВАНДА ГУСТАРИШ МЕДИҲАНД

🇹🇯🇮🇳‎19-уми марти соли 2026, Деҳлӣ (Ҳиндустон). — Дар ҳошияи форуми байналмилалии Bharat Electricity Summit 2026 мулоқоти Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа ва Вазири манбаъҳои нави ва барқароршавандаи энергияи Ҳиндустон Пралҳад Ҷошӣ баргузор гардид.

‎Ҷонибҳо дурнамои тавсеаи ҳамкории энергетикиро миёни кишварҳо баррасӣ намуда, ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия диққати махсус доданд.

‎Далер Ҷумъа иброз дошт, ки Тоҷикистон дорои иқтидори бузурги гидроэнергетикӣ буда, дар баробари ин, бо мақсади гуногунсозии тавозуни энергетикӣ рушди энергияи офтобиро фаъолона пеш мебарад.

‎Пралҳад Ҷошӣ ба дастовардҳои Ҳиндустон дар самти гузариш ба энергетикаи устувор ишора намуд.

‎Ҳамчунин, ҷониби Ҳиндустон Тоҷикистонро барои ҳамроҳ шудан ба ташаббуси байналмилалии International Solar Alliance даъват намуд.

‎Дар ҷараёни мулоқот ба татбиқи лоиҳаи минтақавии CASA-1000, ки ба содироти неруи барқ аз Осиёи Марказӣ ба Осиёи Ҷанубӣ равона шудааст, таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.