🇹🇯🇷🇺 2-юми апрели соли 2026, Қазон. – Дар ҳошияи Форуми байналмилалии электроэнергетикии Қазон – «ЭНЕРГОПРОМ» байни Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакахои интиқоли барқ»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳомии «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Федератсияи Россия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.
Созишномаи мазкур аз ҷониби муовини директори генералии ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ» Баҳодур Усмонов ва директори генералии Ҷамъияти саҳомии «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ» Руслан Измайлов ба имзо расонида шуда, ба таҳкими ҳамкориҳои дарозмуддат ва рушди шарикии мутақобилан судманд дар соҳаи электроэнергетика равона гардидааст.
Дар доираи созишномаи мазкур ҷонибҳо густариши ҳамкориро дар самтҳои калидии зерин ба роҳ мемонанд:
• рушди технол
огияҳои интиқоли идорашавандаи неруи барқи ҷараёни тағйирёбанда, аз ҷумла трансформаторҳои фазатағйирдиҳанда ва дастгоҳҳои ҷубронкунандаи тавононии реактивӣ;
• рақамикунонии технологияҳои таҷҳизоти ҳимояи релеӣ ва идоракунии зидди садамавӣ;
• стандартизатсияи талаботи системавӣ ва технологӣ нисбат ба таҷҳизоти интиқоли неруи барқ, аз ҷумла трансформаторҳои фазатағйирдиҳанд, инчунин нисбат ба с истемаҳои идоракунӣ, танзим, ҳифз ва автоматика.












