ИШТИРОК ДАР МАРОСИМИ ИФТИТОҲИ ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЭЛЕКТРОЭНЕРГЕТИКИИ ҚАЗОН – «ЭНЕРГОПРОМ»

2-юми апрели соли 2026 вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар маросими ифтитоҳи Форуми байналмилалии электроэнергетикии Қазон – «ЭНЕРГОПРОМ», ки дар Маркази байналмилалии намоишгоҳии «Қазон Экспо» баргузор гардид, ширкат намуд.

Дар ин маросим вазири энергетикаи Федератсияи Россия Сергей Сивилев, Раиси Ҷумҳурии Тотористон Рустам Минниханов, роҳбари Ҷумҳурии Саха (Ёқутистон) Айсен Николаев, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Беларус Виктор Каранкевич, инчунин вазирони энергетикаи кишварҳои ИДМ ва давлатҳои хориҷӣ, инчунин, роҳбарони ширкатҳои бузурги Россия ва дигар кишварҳо иштирок карданд.

Зимни сухани ифтитоҳӣ вазири энергетикаи Федератсияи Россия таъкид кард, ки форуми «ЭНЕРГОПРОМ» имсол мақоми федералӣ касб карда, аҳамияти он ҳам барои Россия ва ҳам дар сатҳи байналмилалӣ ба таври назаррас афзоиш ёфтааст.

Раиси Ҷумҳурии Тотористон Рустам Минниханов дар баромади худ зикр кард, ки форуми «ЭНЕРГОПРОМ» дар солҳои охир мавқеи худро ба таври назаррас таҳким бахшида, ба майдони муҳими федералӣ барои баррасии масъалаҳои калидии рушди соҳа мубаддал гаштааст.

Пас аз анҷоми қисми расмӣ форум расман кушода эълон гардида, иштирокчиён барои фаъолият дар майдонҳои корӣ ва шиносоӣ бо намоишгоҳ даъват шуданд. Дар чорабинӣ истеҳсолкунандагон ва таъминкунандагони пешсафи таҷҳизот, корпоратсияҳо ва холдингҳои энергетикӣ, инчунин корхонаҳои низоми энергетикии Россия, Ҷумҳурии Тотористон ва кишварҳои хориҷӣ иштирок доранд.

Ҳамзамон меҳмонони фахрӣ аз намоишгоҳи махсусгардонидашудаи электроэнергетикӣ боздид ба амал оварданд, ки дар он беш аз 100 ширкат дастовардҳои муосири технологӣ ва таҷҳизоти соҳаи энергетикаро ба намоиш гузоштаанд.