2-юми апрели соли 2026, Қазон. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар ҷаласаи пленарии «ГОЭЛРО VER.2.0: Эҳёи афсона», ки дар ҳошияи Форуми байналмилалии электроэнергетикии Қазон – «ЭНЕРГОПРОМ» баргузор гардид, иштирок намуд.
Зимни муколама саволи «энергетикаи оянда чӣ гуна хоҳад буд ва он дар рушди иқтисод ва ҷомеа чӣ нақш мебозад» матраҳ гардид.












