ВОХӮРӢ БО ВАЗИРИ ЭНЕРГЕТИКАИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ

🇹🇯🇷🇺 Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар ҳошияи Форуми байналмилалии электроэнергетикии Қазон – «ЭНЕРГОПРОМ» ва ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо вазири энергетикаи Федератсияи Россия Сергей Сивилёв мулоқот анҷом дода шуд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи энергетикаро мавриди баррасӣ қарор дода, ба рушди минбаъдаи муносибатҳои судманд таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд. Аз ҷумла, масъалаҳои марбут ба таҳким ва густариши ҳамкорӣ дар самтҳои истеҳсол ва интиқоли неруи барқ, ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикӣ, инчунин татбиқи технологияҳои муосир дар бахши энергетика баррасӣ гардиданд.

Ҳамзамон, ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи ҳамкории зич дар доираи созишномаҳои мавҷуда ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки энергетикӣ таъкид намуданд.