МУЛОҚОТИ ВАЗИР БО РАИСИ ҶУМҲУРИИ ТОТОРИСТОН

Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар ҳошияи Форуми байналмилалии электроэнергетикии Қазон – «ЭНЕРГОПРОМ» бо Раиси Ҷумҳурии Тотористон Рустам Минниханов вохӯрӣ намуд.

Далер Ҷумъа ба Рустам Минниханов барои истиқболи самимӣ ва меҳмоннавозӣ изҳори сипос намуда, сатҳи баланди ташкил ва баргузории Форуми байналмилалии электроэнергетикии Қазон – «ЭНЕРГОПРОМ»-ро махсус таъкид кард.

Рустам Минниханов ба Вазири энергетика ва захираҳои об барои таваҷҷуҳ зоҳир намудан ба форуми «ЭНЕРГОПРОМ» изҳори сипос намуд. Ӯ таъкид кард, ки Ҷумҳурии Тотористон имкониятҳои густариши ҳамкориро бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Россия баланд арзёбӣ мекунад.

Зикр гардид, ки имрӯз барои рушди ҳамкории бисёрҷониба миёни Ҷумҳурии Тотористон, ҳамчун яке аз минтақаҳои пешрафтаи саноатии Федератсияи Россия, ва Ҷумҳурии Тоҷикистон имкониятҳои фаровон мавҷуданд.

Ҷонибҳо ба густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои электроэнергетика, нафту газ татбиқи лоиҳаҳои муштарак, ҷалби сармоя, табодули таҷриба ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосир таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.