ОҒОЗИ МАРҲИЛАИ ДУЮМИ ЛОИҲАИ СОХТМОНИ ШАБАКАҲОИ БАРҚӢ ДАР ДЕҲОТИ РОМИТ

4-уми апрели соли 2026 дар Ҷамоати деҳоти Чуянгарони шаҳри Ваҳдат маросими оғози корҳои сохтмонӣ ва васлу насб дар доираи марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар Ҷамоати деҳоти Ромит» баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур раиси шаҳри Ваҳдат Мирзо Исмоилзода, муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Манучеҳр Сафарзода, сафири Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷон Сонг Шик, роҳбари Агентии Корея оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ Канг Сиёгн Ҳун, директори генералии ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ» Мирзо Маҳмудзода, роҳбарияти ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ», инчунин намояндагони сохторҳои давлатӣ ва сокинони маҳаллӣ иштирок намуданд.
Нахуст, нақшаи лоиҳа муаррифӣ карда шуд.

Сипас, дар назди ҳозирин раиси шаҳри Ваҳдат, муовини вазири энергетика ва захираҳои об, сафири Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан ронданд.

Қайд гардид, ки татбиқи марҳилаи дуюми лоиҳа имкон фароҳам меоварад, то 15 деҳаи Ҷамоати деҳоти Ромит, аз ҷумла деҳаҳои Лошхарв, Сайёд, Хилмарз, Товиши Поён, Лангар, Деҳпир, Сонеҳ, Сорвоғ, Хоҷабӯстон, Варвар, Регак, Хол, Сорбоғи Дарун ва Сорбоғи Даҳана бо неруи барқи доимӣ ва боэътимод таъмин карда шаванд.

Дар доираи татбиқи лоиҳа, иҷрои як қатор корҳои муҳими инфрасохторӣ пешбинӣ шудааст, аз ҷумла:

• васеъсозии зеристгоҳи барқии 110/20/10 кВ-и «Ромит»;

• бунёди зеристгоҳи барқии нави 110 кВ-и «Явроз»;

• сохтмони хатти интиқоли барқи 110 кВ аз зеристгоҳи «Ромит» то зеристгоҳи «Явроз»;

• кашидани хатҳои ҳавоии барқии 20 ва 10 кВ;

• насби 28 адад трансформаторҳои 20/0,4 кВ ва 10/0,4 кВ;

• бунёди шабакаҳои тақсимоти барқи 0,4/0,22 кВ.

Корҳои лоиҳакашӣ аз ҷониби консорсиуми ширкатҳои «БАРС Консалтинг», «ЭЛСИ-Азия Энерго Строй Проект» ва «Аркон» анҷом дода шуд.

Паймонкори лоиҳа ширкати ватании ҶСК «Тоҷикгидроэлектромонтаж» мебошад.

Маблағгузории лоиҳа аз ҷониби Агентии Корея оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (KOICA) амалӣ мегардад.

Мутобиқи нақша, анҷоми пурраи лоиҳа дар соли 2028 дар назар дошта шудааст.

Зимни суханрониҳо таъкид гардид, ки татбиқи ин лоиҳа барои беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолии деҳот, рушди иҷтимоиву иқтисодии минтақа, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти соҳибкорӣ ва истифодаи самараноки захираҳои маҳаллӣ аҳамияти муҳим дорад.

Ёдовар мешавем, ки дар доираи марҳилаи якуми лоиҳаи мазкур зеристгоҳи барқии 110/20/10 кВ-и «Ромит» бунёд гардида, 8-уми октябри соли 2020 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифта буд.

Дар натиҷаи татбиқи марҳилаи аввал, 9 деҳаи минтақа, аз ҷумла Қоху, Девдара, Новаки Поён, Новаки Боло, Пушандоч, Вистан, Дашти Мазор, Ғусғеф ва Пичеф, ки шумораи умумии аҳолии онҳо зиёда аз 3 100 нафарро ташкил медиҳад, бори аввал дар давоми солҳои тӯлонӣ ба неруи барқ дастрасӣ пайдо намуданд.

Татбиқи пайдарпайи марҳилаҳои лоиҳа қадами муҳим дар самти таъмини пурраи аҳолии минтақа бо неруи барқ ва таҳкими низоми энергетикии кишвар ба ҳисоб меравад.