‎БОЗДИД АЗ ПАРКИ ТЕХНОЛОГИИ «ИСКРА-ВОЛГА»

‎1-уми апрели соли 2026, Зеленодолск (Тотористон). – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар ҳошияи иштирок дар Форуми байналмилалии энергетикии Тотористон – «ЭНЕРГОПРОМ-2026» аз як қатор корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» дидан намуд.

‎Дар доираи ин боздид, вазир бо фаъолияти корхонаи истеҳсоли таҷҳизоти ёрирасон барои ноқилҳои баландшиддати барқӣ, корхонаи истеҳсоли истгоҳҳои барқдиҳандаи нақлиёти барқӣ, корхонаи истеҳсоли маҷмуи таҷҳизот ва дастгоҳҳои тақсимкунандаи барқ барои шабакаҳои интиқолу тақсимоти барқи шиддати миёнаю баланд ва корхонаи истеҳсолии санҷишию ченкунии электорнии муосир (ҳисобкунакҳои замонавии ҳушманд барои назорат ва тақсимоти барқ) шинос гардид.

‎Дар идома, вазир бо фаъолияти озмоишгоҳи махсуси озмоиши таҷҳизоти баландшиддати барқӣ шинос шуд, ки дар он санҷиши мутобиқат ва устувории таҷҳизоти энергетикӣ тибқи стандартҳои муосир анҷом дода мешавад.

‎Пас аз анҷоми боздид, ҷониби Тоҷикистон ҳавасмандӣ ҷиҳати густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ» ва ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» бо корхонаҳои мазкур изҳор намуд.