1-уми апрели соли 2026, Зеленодолск (Тотористон). – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар ҳошияи иштирок дар Форуми байналмилалии энергетикии Тотористон – «ЭНЕРГОПРОМ-2026» аз корхонаи истеҳсол ва таъмири таҷҳизоти турбинаҳои газии гурӯҳи ширкатҳои «АМКОР», ки дар ҳудуди парки саноатии «Турбина» ҷойгир аст, боздид ба амал овард.
Зимни шиносоӣ бо фаъолияти корхона ба вазир имкониятҳои истеҳсолӣ, иқтидорҳои техникӣ ва технологияҳои муосири мавриди истифода дар самти истеҳсол ва таъмири таҷҳизоти турбинаҳои газӣ муаррифӣ гардиданд.
Дар ҷараёни боздид масъалаҳои густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд, аз ҷумла ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар самти таъминот ва харидории турбинаҳои газӣ барои эҳтиёҷоти Маркази барқу гармидиҳии – 1-и шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Ҳамчунин доир ба имкониятҳои ҷалби технологияҳои муосир, табодули таҷриба ва омодасозии мутахассисони соҳа табодули афкор сурат гирифт.












